Аз рӯи шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия Тоҷикистон зинаи 5-умро ишғол мекунад

Аз лиҳози шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия Тоҷикистон зинаи 5-умро ишғол намуда, айни замон дар макотибби олии ин кишвар 23 ҳазору 100 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. Дар ин бора Podrobno.uz бо истинод ба маълумоти намояндагии Россотрудничество дар Тошканд хабар медиҳад. Дар зинаи аввал аз рӯйи ин нишондиҳанда Қазоқистон (61 ҳазор), зинаи дуюм – Ӯзбекистон […]

Аз лиҳози шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия Тоҷикистон зинаи 5-умро ишғол намуда, айни замон дар макотибби олии ин кишвар 23 ҳазору 100 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Дар ин бора Podrobno.uz бо истинод ба маълумоти намояндагии Россотрудничество дар Тошканд хабар медиҳад.

Дар зинаи аввал аз рӯйи ин нишондиҳанда Қазоқистон (61 ҳазор), зинаи дуюм – Ӯзбекистон (48,7 ҳазор), мақоми 3-юм – Чин (32,6 ҳазор) ва мақоми чорум – Туркманистон (30,6 ҳазор) ҷойгир шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, дар масъалаи қабули донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олӣ миёни кишварҳои хориҷӣ Русия пешсаф аст.

Бино ба маълумоти Вазорат, айни замон 31 ҳазору 981 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Русия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Фарқият байни маълумоти “Россотрудничество”-и Ӯзбекистон ва Вазоратро дар бораи шумори донишҷӯён дар маркази матбуот чунин шарҳ доданд, ки “шояд дар маълумот он оморе бошад ки танҳо тибқи квота дохил шудаанд”.

“Омори мо аз донишгоҳҳо гирифта шудаанд, яъне ҳам квота, ҳам дар асоси созишномаҳо ва ҳам шартнома таҳсил мекардаҳо. Дар мо донишгоҳ ба донишгоҳ ва ҳатто ному насаби донишҷӯён ҳаст”, – гуфтанд дар Вазорат.

Дар зинаи дуюм аз лиҳози шумори донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ Чин (4 ҳазору 251 нафар) қарор дорад.

Шумори донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии дигар кишварҳои хориҷӣ тариқи зайл аст: ИДМ – Беларус (1 ҳазору 471 нафар), Қазоқистон (980 нафар) ва дар макотиби олии дигар кишварҳо – Туркия (745 нафар), ИМА (276 нафар), Украина (264 нафар), Лаҳистон (204 нафар), Малайзия (167 нафар) ва  Ҷумҳурии Корея (162 нафар).

Айни замон дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон ҳамагӣ 46 нафар ва Ӯзбекистон – 42 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.