Чаро беҳтарин футболбози ҷавони Тоҷикистон дар Русия шаурма мефурӯшад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шабакаи футболи komandatj дар Instagram хабар дод, ки Аминҷон Алиаҳмадов, собиқ бозингари дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар соли 2021 беҳтарин футболбози ҷавони Тоҷикистон дониста шуда буд, айни замон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.

“Аминҷон дар шаҳри Киржачи вилояти Владимири Русия, ки ҳамагӣ ҳудуди 26 ҳазор нафар аҳолӣ дораду тақрибан дар 110 километрии шимолу шарқи Маскав воқеъ аст, шаурма мефурӯшад”, – омадааст дар хабари шабака.

Бо истинод ба гуфтаи худи Аминҷон зикр мегардад, ки “ҳарчанд ӯ беҳтарин футболбози ҷавони лигаи олӣ эътироф шуда бошад ҳам, лекин дастгирӣ наёфта, пулкоркунӣ рафт".

“Дар вақтҳои холӣ аз кор ҳамроҳи дӯстонаш футболбозӣ мекунад. Намояндагони дастаи “Ротор”-и Киржач бозии ӯро дида, назди худ даъват карданд. Дар бозии аввалини санҷишӣ Аминҷон 4 гол зада, 2 маротиба муваффақона барои гол задан ба ҳамдастааш тӯб партофт”, – менависад komandatj.

Худи Аминҷон гуфтааст, ки “шояд бо ин даста қарордод ба имзо мерасонад”.

Дастаи “Ротор”-и шаҳри Киржач дар мусобиқаи вилояти Владимир бозӣ мекунад.

Ба кор рафтани варзишгарони тоҷик кайҳост, ки як амри маъмулист. Имрӯз дар сохтмону дигар иншоот даҳҳо нафар варзишгарони собиқ машғули коранд, ки аз онҳо умедвориҳои зиёдро интизорӣ доштанду дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида буданд.

Мииёни онҳо натанҳо варзишгарон, балки мураббиёни гӯштину таэквондо, каратэ-до, тенниси рӯйи миз, волейбол, варзиши сабук ва ғайра ҳастанд.

Қаблан дар бораи чӣ гуна барои пулкоркунӣ ба Русия рафтани футболбози маъруфи тоҷик Дилшод Восиев хабар дода будем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...