12 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор оила пош хӯрдааст

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 7 ҳазору 265 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёд мебошад. Дар соли 2021-ум 6 ҳазору 476 оила пош хурдааст. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 15 июл дар як нишасти хабарӣ сабаби ҷудо шудани оилаҳоро омода набудани ҷуфти […]

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 7 ҳазору 265 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёд мебошад. Дар соли 2021-ум 6 ҳазору 476 оила пош хурдааст.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 15 июл дар як нишасти хабарӣ сабаби ҷудо шудани оилаҳоро омода набудани ҷуфти ҷавон ба ҳаёти оилавӣ маънидод кард.

«Аввалин сабаби ҷудо шудани оилаҳо дар он аст, ки ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд. Ба он чизе, ки дар издивоҷ онҳоро дар пеш интизор аст, омода нестанд», – шикоят кард вазири адлия.

Ашӯриён таъкид кард, ки беш аз 8 ҳазор кӯдак пас аз талоқ ятим ва ё нимаятим монданд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазир, сабти ақди никоҳ аз аввали соли ҷорӣ 7% коҳиш ёфтааст.

«Теъдоди ақди никоҳ имсол 30 ҳазору 266 нафарро ташкил дод. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли 2021-ум 32 ҳазору 489 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст», – гуфт Ашӯриён.

Дар давоми шаш моҳ дар кишвар ҳамагӣ 39 никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст – соли гузашта ин рақам 116 нафар буд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки сабти таваллуди кӯдакон дар кишвар 6% афзоиш ёфтааст – дар 6 моҳи соли 2021-ум 104 ҳазору 737, дар соли ҷорӣ 111 ҳазору 537 далел ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.