Чаро беҳтарин футболбози ҷавони Тоҷикистон дар Русия шаурма мефурӯшад?

Шабакаи футболи komandatj дар Instagram хабар дод, ки Аминҷон Алиаҳмадов, собиқ бозингари дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар соли 2021 беҳтарин футболбози ҷавони Тоҷикистон дониста шуда буд, айни замон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад. “Аминҷон дар шаҳри Киржачи вилояти Владимири Русия, ки ҳамагӣ ҳудуди 26 ҳазор нафар аҳолӣ дораду тақрибан дар 110 километрии […]

Шабакаи футболи komandatj дар Instagram хабар дод, ки Аминҷон Алиаҳмадов, собиқ бозингари дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар соли 2021 беҳтарин футболбози ҷавони Тоҷикистон дониста шуда буд, айни замон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад.

“Аминҷон дар шаҳри Киржачи вилояти Владимири Русия, ки ҳамагӣ ҳудуди 26 ҳазор нафар аҳолӣ дораду тақрибан дар 110 километрии шимолу шарқи Маскав воқеъ аст, шаурма мефурӯшад”, – омадааст дар хабари шабака.

Бо истинод ба гуфтаи худи Аминҷон зикр мегардад, ки “ҳарчанд ӯ беҳтарин футболбози ҷавони лигаи олӣ эътироф шуда бошад ҳам, лекин дастгирӣ наёфта, пулкоркунӣ рафт".

“Дар вақтҳои холӣ аз кор ҳамроҳи дӯстонаш футболбозӣ мекунад. Намояндагони дастаи “Ротор”-и Киржач бозии ӯро дида, назди худ даъват карданд. Дар бозии аввалини санҷишӣ Аминҷон 4 гол зада, 2 маротиба муваффақона барои гол задан ба ҳамдастааш тӯб партофт”, – менависад komandatj.

Худи Аминҷон гуфтааст, ки “шояд бо ин даста қарордод ба имзо мерасонад”.

Дастаи “Ротор”-и шаҳри Киржач дар мусобиқаи вилояти Владимир бозӣ мекунад.

Ба кор рафтани варзишгарони тоҷик кайҳост, ки як амри маъмулист. Имрӯз дар сохтмону дигар иншоот даҳҳо нафар варзишгарони собиқ машғули коранд, ки аз онҳо умедвориҳои зиёдро интизорӣ доштанду дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида буданд.

Мииёни онҳо натанҳо варзишгарон, балки мураббиёни гӯштину таэквондо, каратэ-до, тенниси рӯйи миз, волейбол, варзиши сабук ва ғайра ҳастанд.

Қаблан дар бораи чӣ гуна барои пулкоркунӣ ба Русия рафтани футболбози маъруфи тоҷик Дилшод Восиев хабар дода будем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.