Додситонии Хатлон: Сардори КҲФ-и минтақаи Кӯлоб дар пайи латукӯб фавтидааст

Додситонии вилояти Хатлон фавти Абубакр Саидзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлобро дар пайи як латукӯб тасдиқ кард. Қудбиддин Достизода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, тибқи хулосаи тиббӣ сардори КҲФ дар минтақаи Кӯлоб Абубакр Саидзода баъди як латукӯб дар беморхона фавтидааст. Ӯ мушаххас нагуфт, ки Саидзодаро кӣ ва […]

Билол Шамс, махсус барои asia+

Додситонии вилояти Хатлон фавти Абубакр Саидзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлобро дар пайи як латукӯб тасдиқ кард.

Қудбиддин Достизода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, тибқи хулосаи тиббӣ сардори КҲФ дар минтақаи Кӯлоб Абубакр Саидзода баъди як латукӯб дар беморхона фавтидааст.

Ӯ мушаххас нагуфт, ки Саидзодаро кӣ ва дар пайи чӣ муноқишае латукӯб шудааст.

Достизода танҳо афзуд, “ин масъла алҳол дар пайи таҳқиқ аст ва ҳоло хулосаи ниҳоиро гуфта наметавонем”.

Рӯзи 11 июл Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода буд, ки Абубакр Саидзода "бар асари латукӯб ва захмҳои бардоштааш" дар шифохона ҷон додааст.

Манбаъ навишт, ки ӯ ар ноҳияи Данғара "20 гектар замини пахта дошта", баҳси ин мақомдор бо оилаи Шайбоновҳо, як хонаводаи пурнуфуз дар Данғара, сар задааст. Онҳо дар канори замини Саидзода кишти ҷуворимакка доштаанд.

Абубакр Саидзодаро рӯзи 11-уми июл дар ноҳияи Данғара дафн кардаанд.

Полковник Абубакр Саидзода аз соли 2015 дар мансаби раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб кор мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.