30 август ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шурӯъ, аз 30 августи соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон-Русия-Тоҷикистон баъди беш аз ду соли таваққуф, дубора барқарор мешавад.

Анвар Латифзода, як масъули КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз сар гирифтани ҳаракати қатораҳои мусофирбарро байни ду кишвар тасдиқ кард ва илова намуд, ки ин тасмим чанде пештар дар пайи сафари роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Русия ва мулоқоташ бо ҳамтоёнашон дар ин кишвар рӯи даст гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ҷузъиёти бештари масъала, аз ҷумла вақту соат ва шарту шароити ҳаракати қатораҳо худдорӣ кард ва гуфт, пагоҳ, дар робита ба ин масъала маълумоти бештар медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ ҳам дар робита ба барқарор шудани ҳаракати қатораҳо иттилоъ медиҳанд ва ҳамчунин, ҷадвали ҳаракати қатораҳоро нашр кардаанд.

Аз ҷумла, “Спутник Тоҷикистон” менависад, ки қатораи мусофирбари №329/330 аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба – рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард.

Аввалин қатораи мусофирбар баъди танаффуси тӯлонӣ, рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба  Волгоград сафар раҳсипор хоҳад шуд. 

Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград ва баръакс низ ҳар ҳафта як маротиба сурат хоҳад гирифт. Ин қатора аз Хучанд рузҳои чоршанбе ва аз Волгоград рузҳои шанбе ба сафар мебарояд.

Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи мусофирбари №359/360 сурат мегирад.

Расонаҳои русӣ бо такя ба ширкати “Роҳи оҳани Русия”  хабар медиҳанд, ки дар ояндаи наздик фурӯши чиптаҳо оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...