Як занеро, ки мехост 90 ҳазор долларро ба Тоҷикистон гузаронад, боздошт карданд

Дар Бекободи Ӯзбекистон занеро боздошт намуданд, ки мехост ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ 90 ҳазор долларро гузаронад, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба Хадамоти амнияти давлатӣ. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки зан ба чунин амал даст задааст. “Зани сокини 43-солаи Бекобод (вилояти Тошканд) қаблан барои кӯшиши  тариқи гузарогоҳи “Фарҳод” ба Тоҷикистон интиқол […]

Дар Бекободи Ӯзбекистон занеро боздошт намуданд, ки мехост ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ 90 ҳазор долларро гузаронад, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба Хадамоти амнияти давлатӣ. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки зан ба чунин амал даст задааст.

“Зани сокини 43-солаи Бекобод (вилояти Тошканд) қаблан барои кӯшиши  тариқи гузарогоҳи “Фарҳод” ба Тоҷикистон интиқол додани 20 ҳазор доллар, ки дар пойафзолаш пинҳон шуда буданд, боздошт шуда буд”, – хабар додаанд аз Хадамот.

Гуфта мешавад, дар замоне, ки тафтишоти пешазсудӣ оид ба ин ҳодиса ҷараён дошт, зан кӯшиш кардааст, ки боз 70 ҳазор долларро ба Тоҷикистон гузаронад.

Ин дафъа ӯ пулро дохили сарулибосаш пинҳон кардааст. Ӯ боздошт ва нисбаташ мутобиқи моддаи 182 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (вайрон кардани қонунгузории гумрук) парвандаи ҷинятӣ боз шудааст.

Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ боздоштшуда хабар додааст, ки қисмати зиёди пул ба шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дошта, барои интиқоли пул ба ӯ як маблағи муайяне ваъда кардаанд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи қонунгузории Ӯзбекистон, ба шахсони воқеӣ ба берун баровардани маблағи 100 млн сӯм (тибқи қурби ҳозира 9 ҳазор доллар) ва камтар аз он иҷоза дода шудааст.

Ҷиҳати ба хориҷи кишвар баровардани асъори нақди хориҷӣ ба маблағи 70 млн сӯм, яъне на бештар аз ин бо роҳи ба таври шифоҳӣ  анҷом додани расмиёти эъломия бидуни ишора дар эъломияи хаттии гумрукӣ иҷоза дода шудааст.

Асъори хориҷии нақд дар ҳаҷми 70 млн то 100 млн сӯм бояд бо ишора дар эъломияи хаттӣ ба хориҷи кишвар бароварда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.