30 август ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад

Шурӯъ, аз 30 августи соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон-Русия-Тоҷикистон баъди беш аз ду соли таваққуф, дубора барқарор мешавад. Анвар Латифзода, як масъули КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз сар гирифтани ҳаракати қатораҳои мусофирбарро байни ду кишвар тасдиқ кард ва илова намуд, ки ин тасмим чанде пештар дар пайи сафари роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” […]

Шурӯъ, аз 30 августи соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон-Русия-Тоҷикистон баъди беш аз ду соли таваққуф, дубора барқарор мешавад.

Анвар Латифзода, як масъули КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз сар гирифтани ҳаракати қатораҳои мусофирбарро байни ду кишвар тасдиқ кард ва илова намуд, ки ин тасмим чанде пештар дар пайи сафари роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Русия ва мулоқоташ бо ҳамтоёнашон дар ин кишвар рӯи даст гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ҷузъиёти бештари масъала, аз ҷумла вақту соат ва шарту шароити ҳаракати қатораҳо худдорӣ кард ва гуфт, пагоҳ, дар робита ба ин масъала маълумоти бештар медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ ҳам дар робита ба барқарор шудани ҳаракати қатораҳо иттилоъ медиҳанд ва ҳамчунин, ҷадвали ҳаракати қатораҳоро нашр кардаанд.

Аз ҷумла, “Спутник Тоҷикистон” менависад, ки қатораи мусофирбари №329/330 аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба – рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард.

Аввалин қатораи мусофирбар баъди танаффуси тӯлонӣ, рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба  Волгоград сафар раҳсипор хоҳад шуд. 

Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград ва баръакс низ ҳар ҳафта як маротиба сурат хоҳад гирифт. Ин қатора аз Хучанд рузҳои чоршанбе ва аз Волгоград рузҳои шанбе ба сафар мебарояд.

Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи мусофирбари №359/360 сурат мегирад.

Расонаҳои русӣ бо такя ба ширкати “Роҳи оҳани Русия”  хабар медиҳанд, ки дар ояндаи наздик фурӯши чиптаҳо оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.