Як муштзани навраси тоҷик дар Қазоқистон медали нуқра ба даст овард

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Варзишгари тоҷик Анӯшервон Ақназаров дар мусобиқаи байналмилалии бокс миёни наврасон ба хотираи бародарон Урал ва Корган Айтановҳо, ки аз 13 то 17 июл дар шаҳри Костанайи Қазоқистон баргузор шуд, дар вазни вазни 67кг рақобат карда, сазовори медали нуқра гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 7 варзишгар – Асламҷон Қурбонов (54кг), Абӯбакр Муродов (60кг), Олимҷон Орифзода (63,5кг), Абдураҳим Ёқубов (63,5кг), Анӯшервон Ақназаров (67кг), Дилшодхон Саидаҳмадов (67кг) ва Нурланбек Эрматов (75кг) намояндагӣ карда, ба гирифтани як медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Гуфта мешавад, ки Анӯшервон Ақназаров дар вазни 67кг дар даври аввал бар варзишгари мизбон Максим Штро, дар чорякфинал бар варзишгари дигари мизбон Абилай Сман пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз намояндаи Ӯзбекистон Ҷавоҳир Уматалиев мағлуб шуд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз давлатҳои Қазоқистон, Покистон, Тоҷикистон, Полша, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ироқ иштирок карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...