Талафоти садҳо чорво дар Қаратоғ. КҲФ: зери тарма монданд. Шоҳидон: аз кӯҳ сарозер шуданд

Дар ҳудуди Темурдараи ноҳияи Шаҳринав садҳо сар чорво талаф шудаанд. Ҳодиса рӯзи 15-уми июл рух додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо тасдиқи ин хабар ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ҳодиса аз ҷониби афроди масъул тафтиш гардида, сабаби ҳодиса маълум мегардад. Онҳо гуфтанд, ҳоло маълумоти дақиқ рӯи даст надоранд, вале тибқи  маълумоти тасдиқнашуда ва пешакӣ, рамаи чорво «зери […]

Дар ҳудуди Темурдараи ноҳияи Шаҳринав садҳо сар чорво талаф шудаанд. Ҳодиса рӯзи 15-уми июл рух додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо тасдиқи ин хабар ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ҳодиса аз ҷониби афроди масъул тафтиш гардида, сабаби ҳодиса маълум мегардад.

Онҳо гуфтанд, ҳоло маълумоти дақиқ рӯи даст надоранд, вале тибқи  маълумоти тасдиқнашуда ва пешакӣ, рамаи чорво «зери тарма мондаанд ва дар ин бора чӯпон (даҳмардае) хабар додааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ин чорвоҳо ба кадом ферма ё нафаре тааллуқ доранд».

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз пойгоҳи «Parviz-TV» навори рамаи гӯсфандони фавтидаро нашр кард ва аз қавли шоҳидон навишт, ки рамаи гӯсфанд ва бузҳо аз болои кӯҳ ба поин сарозер шудаанд.

– Дар Шаҳринав як тӯда рамаи гӯсфандон аз баландӣ афтода ҳалок шудаанд. Ба гуфти шоҳидон, вақте ки шабона гургон ба гӯсфандон ҳамла мекунанд, гӯсфандон барои халосӣ ёфтан аз чанголи гургон худро аз баланди ба поён мепартоянд, ки дар натиҷа ҳамаашон ҳалок мешаванд, – навиштааст «Parviz-TV».

Дар навор низ дақиқан ҷой ва сабаби ҳалокати рамаи бузурги чорво гуфта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол Радиои «Озодӣ» ба истисно ба сокинони маҳаллӣ ва чӯпонҳо навиштааст, ки ҳодиса бар асари раҳгумзадагӣ рух дода, рама аз болои кӯҳ ба поин сарозер шудааст.

Тавре манбаъ, хабар медиҳад, чӯпонҳо шумораи рамаро 1000 сар гуфтанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 400 сари он талаф шудаааст.

«Ба қавли онҳо, ҳудуди 40 сар бузу гӯсфандро забҳ карданд ва тақрибан 500 сар чорвои дигарро ба соҳибонашон расонидаанд. Гуфта мешавад, ин чорво ба сокинони дараи Қаратоғ тааллуқ доштааст, – менависад «Озодӣ».

Талафи садҳо сар молу чорвои мардум дар ҳолест, ки дар гузашта низ бар сари омадани сел ва боронгарии зиёд молу чорво талаф мешуданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли равон дар деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор 130 гӯсфанд бар асари борону селоба талаф шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.