Як занеро, ки мехост 90 ҳазор долларро ба Тоҷикистон гузаронад, боздошт карданд

Asia-Plus

Дар Бекободи Ӯзбекистон занеро боздошт намуданд, ки мехост ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ 90 ҳазор долларро гузаронад, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба Хадамоти амнияти давлатӣ. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки зан ба чунин амал даст задааст.

“Зани сокини 43-солаи Бекобод (вилояти Тошканд) қаблан барои кӯшиши  тариқи гузарогоҳи “Фарҳод” ба Тоҷикистон интиқол додани 20 ҳазор доллар, ки дар пойафзолаш пинҳон шуда буданд, боздошт шуда буд”, – хабар додаанд аз Хадамот.

Гуфта мешавад, дар замоне, ки тафтишоти пешазсудӣ оид ба ин ҳодиса ҷараён дошт, зан кӯшиш кардааст, ки боз 70 ҳазор долларро ба Тоҷикистон гузаронад.

Ин дафъа ӯ пулро дохили сарулибосаш пинҳон кардааст. Ӯ боздошт ва нисбаташ мутобиқи моддаи 182 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (вайрон кардани қонунгузории гумрук) парвандаи ҷинятӣ боз шудааст.

Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ боздоштшуда хабар додааст, ки қисмати зиёди пул ба шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дошта, барои интиқоли пул ба ӯ як маблағи муайяне ваъда кардаанд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи қонунгузории Ӯзбекистон, ба шахсони воқеӣ ба берун баровардани маблағи 100 млн сӯм (тибқи қурби ҳозира 9 ҳазор доллар) ва камтар аз он иҷоза дода шудааст.

Ҷиҳати ба хориҷи кишвар баровардани асъори нақди хориҷӣ ба маблағи 70 млн сӯм, яъне на бештар аз ин бо роҳи ба таври шифоҳӣ  анҷом додани расмиёти эъломия бидуни ишора дар эъломияи хаттии гумрукӣ иҷоза дода шудааст.

Асъори хориҷии нақд дар ҳаҷми 70 млн то 100 млн сӯм бояд бо ишора дар эъломияи хаттӣ ба хориҷи кишвар бароварда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...