Дар ноҳияи Айнӣ ҷасади 5 нафари дар дарё ғарқшударо меҷӯянд

Asia-Plus

Субҳи имрӯз имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавулода дар гуруҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ба ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзани дар дарёи Зарафшон ғарқшуда идома доданд, хабар медиҳад қисми навбатдории Кумита.

“Субҳи 21 июл ҷавонзани 23-солаи сокини деҳаи Шаватки Поёни ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои ҳоло номаълум худро ба дарёи Зарафшон партофтааст. Гуруҳи корӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, лекин ҷустуҷӯҳо то ҳо натиҷае надоданд. Субҳи имрӯз, 22 июл корҳои ҷустуҷӯи ҷасад дубора аз сар гирифта шуданд”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, имрӯз ҳамчунин корҳои ҷустуҷӯи чор нафаре, ки бар асари садама ба Фондарё афтода буданд, идома ёфтанд.

“Садама дар қаламрави ноҳияи Айнӣ, дар километри 126-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд рух дод”, – гуфтанд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ, мошини сабукрави тамғаи Mercedes-Benz зимни ҳаракат аз Душанбе ба Хуҷанд бо сабабҳои номаълум ба ҷарии 120-метра сарозер рафта, ба Фондарё афтодааст.

“Замони рух додани садама 4 нафар дар мошин қарор доштаанд. Басти навбатдории имдодгарони Кумита ба корҳои ҷустуҷӯ оғоз намуда, лекин натиҷае ҳосил нашуд ва ҷустуҷӯ идома дорад", – изҳор доштанд дар ин ниҳод.

Дар ҳамин ҳол, наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ ҷасади дахтарчаи 12-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритусро аз об берун оварданд.

“Духтарча рӯзи 20 июл аз беэҳтиётӣ дар наҳр (канал)-и маҳалли зисташ ғарқ шуда, ҷасадӣ ӯ дар масофаи 1 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт ва ба хешовандонаш супурда шуд”, – иттилоъ медиҳад Кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон менамояд, ки кӯдаконро назди кӯлу дарё ва наҳру обанборҳо беназорат нагузоред ва қоидаҳои бехатарӣ дар об ва роҳҳои кӯҳиро риоя кунед!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...