“Амонатбонк” ба қарздиҳӣ барои ипотека оғоз кард

Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” ба роҳандозии қарздиҳӣ барои ипотека (харидани хона бо қарзи дарозмуҳлат, масалан 10-сола) 100 млн сомонӣ ҷудо кард, хабар дод раиси ин бонк Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе. Ӯ изҳор дошт, ки 100 млн сомонӣ маблағ барои марҳилаи аввал буда, минбаъд дар сурати зарурат боз маблағҳои иловагӣ ҷудо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” ба роҳандозии қарздиҳӣ барои ипотека (харидани хона бо қарзи дарозмуҳлат, масалан 10-сола) 100 млн сомонӣ ҷудо кард, хабар дод раиси ин бонк Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Ӯ изҳор дошт, ки 100 млн сомонӣ маблағ барои марҳилаи аввал буда, минбаъд дар сурати зарурат боз маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд.

Ба гуфтаи Икромӣ, қарз барои ипотека бо доллар бо меъёри 10%-и солона ва бо сомонӣ – 22%-и солона ба муҳлати 10 сол дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки касоне, ки аз “Амонатбонк” барои ипотека қарз гирифтан мехоҳанд, бояд 30% аз арзиши хонаро аз ҳисоби худ пардохт намоянд.

“Муштариёни бонк пас аз пурра анҷом дода шудани расмиёти гирифтани қарз метавонанд дар ин хона, ки ҳамчун гарав гузошта мешавад, зиндагӣ кунанд”, – илова намуд Икромӣ.

Ҳамчунин зикр шуд, ки манзил танҳо пас аз пурра пардохт шудани қарз ба номи мизоҷ гузаронида мешавад. То ин вақт он моли “Амонатбонк” хоҳад буд.

Қарзи ипотекаро метавон натанҳо дар Душанбе, балки дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ дастрас намуд.

Қобили зикр аст, ки то ин дам танҳо аз се ташкилоти қарзии кишвар – “Спитаменбонк”, “Аввалин бонки молиявии хурд” ва ТҚХ “Ҳумо” қарзи ипотека гирифтан мумкин буд.

Дар ҳамин ҳол, ба қарз гирифтан аз ташкилотҳои зикршуда барои ипотека на ҳар кас тасмим мегирад, зеро меъёрҳои фоизи онҳо хеле баланд аст.

Ёдрас мекунем, ки қонун “Дар бораи ипотека” дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2008 қабул шуда, лекин бонкҳо чунин қарзҳои дарозмуҳлат намедоданд.

Соли 2019 ба қонун тағйирот ворид шуд, ки дар натиҷа бонкҳо ҷиҳати ба моликияти худ гирифтани амволи гарав бо тартиби ғайрисудӣ дар сурати аз ҷониби мизоҷ риоя нашудани қарордоди басташуда ҳуқуқ пайдо карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.