Дар Душанбе Барномаи рушди тандурустии аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришуда баррасӣ шуд

Дар ҷаласаи аввалини Кумитаи ҳамоҳангсозии Барномаи рушди тандурустӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби СУТ, GIZ ва ЮНИСЕФ амалӣ мешавад, пешрафти назаррас дар самти Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли аввали татбиқ қайд карда шуданд. Ҷаласаи аввалини Кумитаи ҳамоҳангсозӣ, ки аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии […]

Дар ҷаласаи аввалини Кумитаи ҳамоҳангсозии Барномаи рушди тандурустӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби СУТ, GIZ ва ЮНИСЕФ амалӣ мешавад, пешрафти назаррас дар самти Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли аввали татбиқ қайд карда шуданд.

Ҷаласаи аввалини Кумитаи ҳамоҳангсозӣ, ки аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин роҳбарони шарикони татбиқи барнома ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, баргузор гардид. Дар давоми ҷаласа, Кумита дастовардҳои ин барномаи бисёрҷониба дар давоми соли якуми татбиқ таҳти муҳокима гирифта шуда, афзалиятҳои асосиро барои соли оянда баррасӣ намуд. 

«Барномаи рушди тандурустӣ аллакай ба рӯзномаи миллии тандурустии кишвар саҳми назаррас гузоштааст. Мо ба шарикӣ байни Иттиҳоди Аврупо, СУТ, GIZ ва ЮНИСЕФ баҳои баланд медиҳем» – гуфт д-р Ғафур Мӯҳсинзода, Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Кумитаи ҳамоҳангсозӣ.

Кумитаи ҳамоҳангсозӣ ба дастгирии техникӣ, ки аз ҷониби СУТ дар самти маблағгузории тандурустӣ расонида шудааст, ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи умумии маблағгузории тандурустӣ ва татбиқи мехнизмҳои самараноки маблағгузории тандурустӣ саросари кишвар ёрӣ мерасонад, баҳои баланд медиҳад.

Саҳми назаррас, ки аз ҷониби GIZ ба барқароркунии муассисаҳои тандурустӣ гузошта шудааст, ҳамчунин дар давоми муҳокимаҳои Кумитаи ҳамоҳангсозӣ қайд карда шуданд. Арзёбиҳои аз ҷониби ЮНИСЕФ гузаронида шуда, ва саъю кӯшишҳои ин ташкилоти бонуфуз оиди такмили пешгирӣ ва назорати сироятҳо дар сатҳи баланд баҳо дода шуданд. Ин чорабиниҳо дар такмил ва таҳкими пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва байни аҳолӣ нақши муҳимро иҷро мекунанд.

“Барномаи рушди тандурустӣ саъю кӯшишҳои шариконро дар воқеият татбиқ кардани Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид мекунад. Ҳисси мансубият ба барнома дар сатҳи баланд ба қабули қарорҳои самаранок ва гузаронидани машваратҳо барои пешбарии рӯзномаи умумии мо оварда расонидааст. Ин ҷаласаи аввалини Кумитаи ҳамоҳангсозӣ далели қувваи шарикӣ мебошад” – гуфт Марк Бухманн, Роҳбари шӯъбаи ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Кумитаи ҳамоҳангсозӣ.

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат аст, ки онон қарор доданд тадриҷан дониш, захира, ва такдири хешро пайванданд. Ҳамроҳ таи 60 соли васеъшавӣ онҳо минтақаи устувор, демократӣ ва рушти бардавомро бунёд намуда, ҳамзамон гуногунияти фарҳангӣ, арзи таҳаммул ва кафолати озодии шахсиро нигоҳ доштанд. Иттиҳоди Аврупо омода аст муваффақиятҳо ва арзишҳояшро бо мамолик ва қавмиятҳои берун аз сарҳадоти хеш бо ҳам бубинад. Аз ин лиҳоз, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият бурда, ҳамасола барои рушти мамлакат тақрибан 35 млн. евро фароҳам менамояд.

Барномаи рушди тандурустӣ бо буҷети умумии 52,2 миллион евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шуда, идомаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар давоми се даҳсола бо мақсади Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 расонида мешавад.

Барномаи рушди тандурустӣ таҳти шиори “Солимии ҳеҷ кас бе аҳамият нахоҳад монд” дар муддати байни солҳои 2021 ва 2025 амалӣ мешавад. Дар давоми соли аввалини татбиқ, се агентии татбиқкунанда – Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), Агентии ҳамкории байнаолмиллалии Олмон (Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), бо саъю кӯшишҳои ҳамбаста, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастрас шудани Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ (ФУХТ) дастгирии назаррас расониданд. ФУХТ вазифаи муҳимтарини Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 мебошад, ки ҳадафи он кафолати дастрасии хизматрасониҳои заминавии тандурустӣ барои ҳама сокинони Тоҷикистон бидуни сарбории молиявӣ мебошад.

Маълумотнома оиди дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон

ИА тақвисти низомҳои тандурустии Тоҷикистонро дар тӯли зиёда аз 10 сол дастгирӣ намуда, маблағи зиёда аз 60 миллион евроро барои дастгирии Ҳукумат ва тасмими он ба Фарогирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ бо хизматрасониҳои тандурустӣ саҳмгузорӣ намудааст. Маблағгузории қаблии ИА дар соҳа ба тақвияти таҳияи сиёсатҳои далелнок ва нақши танзимгароӣ, баланд бардоштани самарабахшии низоми кӯмаки аввалияи тиббӣ ва санитарӣ, муассисаҳои беҳтар ва таҷҳизонидашуда, ва такмили салоҳият ва малакаҳои кормандони тандурустӣ саҳм гузоштааст. Рушд ва рақамикунонии низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ барои ҷамъоварии иттилооти омории эътимоднок низ тавассути маблағгузории ИА имконпазир шудааст.

Чанде пеш, ИА ҷорабиниҳои вокуниш ба COVID-19 дар ҳаҷми 4,6 милион евро дастгирӣ намудааст, ки дар маблағгузории воситаҳои ҳифз барои бештар 1 500 кормандони тиби сафи пеш ва таҷҳизонидани 80 беморхона бо таъҷизоти сунъии ҳаводиҳии шушҳо  барои беморон дар вазъи вазнин ёрӣ расониданд.

Инкишофи низомҳои эмгузаронӣ(иммунизасия) қисми заминавии фаъолияте мебошад, ки аз ҷониби ИА дар ҳамкорӣ бо ГАВИ ва кишварҳои шарик барои тақвияти низомҳои тандурустӣ амалӣ мекунад. Тими Аврупо яке аз саҳмгузорони пешбари механизми COVAX бо ҳаҷми 2,2 миллиард евро буда, ИА тасмим гирифтааст, ки 200 миллион вояи ваксина зидди COVID-19-ро ба кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна тӯҳфа мекунад. Бар илова, ИА шарики маблағгузори калидии Фонди глобалӣ, Механизми глобалии маблағгузорӣ ва Шарикӣ дар самти Фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ мебошад, ки ҳама онҳо дар самти такмили дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тундурустӣ барои аҳолии Тоҷикистон амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.