Дар Суғд шумори одамони фарбеҳ дар ҳоли афзоиш аст

Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 дар вилояти Суғд 8 ҳазору 770 шахсони вазнашон аз меъёр зиёд ё гирифтори бемории фарбеҳӣ сабт шудааст.

Тавре ки Sugdnews бо истинод ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода хабар медиҳад, ин нишондиҳанда қариб 3 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2021 аст, ки он замон 5 ҳазору 540 нафар чунин афрод ба қайд гирифта шуда буданд.

“Миёни шахсони сабтшуда 560 нафарашонро кӯдакони синни то 14-сола (соли гузашта – 370 нафар) ташкил медиҳанд, – хабар дод Хайруллозода. – Миёни наврасон 361 нафар аз вазни зиёдатӣ азият мекашанд”.

Ба гуфтаи сардори Раёсат, шумори умумии аҳолии калонсол, ки ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд ба 7 ҳазору 849 нафар расидааст, ки 2 ҳазору 627 нафар зиётар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

“Соли ҷорӣ теъдоди афроди бори аввал сабтшуда бо вазни аз меъёр зиёд ё гирифтори бемории фарбеҳӣ 1 ҳазору 437 нафарро ташкил дод”, – илова намуд Ҳабибулло Хайруллозода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...