Дар Суғд шумори одамони фарбеҳ дар ҳоли афзоиш аст

Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 дар вилояти Суғд 8 ҳазору 770 шахсони вазнашон аз меъёр зиёд ё гирифтори бемории фарбеҳӣ сабт шудааст. Тавре ки Sugdnews бо истинод ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода хабар медиҳад, ин нишондиҳанда қариб 3 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2021 аст, ки он замон […]

Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 дар вилояти Суғд 8 ҳазору 770 шахсони вазнашон аз меъёр зиёд ё гирифтори бемории фарбеҳӣ сабт шудааст.

Тавре ки Sugdnews бо истинод ба сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода хабар медиҳад, ин нишондиҳанда қариб 3 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2021 аст, ки он замон 5 ҳазору 540 нафар чунин афрод ба қайд гирифта шуда буданд.

“Миёни шахсони сабтшуда 560 нафарашонро кӯдакони синни то 14-сола (соли гузашта – 370 нафар) ташкил медиҳанд, – хабар дод Хайруллозода. – Миёни наврасон 361 нафар аз вазни зиёдатӣ азият мекашанд”.

Ба гуфтаи сардори Раёсат, шумори умумии аҳолии калонсол, ки ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд ба 7 ҳазору 849 нафар расидааст, ки 2 ҳазору 627 нафар зиётар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

“Соли ҷорӣ теъдоди афроди бори аввал сабтшуда бо вазни аз меъёр зиёд ё гирифтори бемории фарбеҳӣ 1 ҳазору 437 нафарро ташкил дод”, – илова намуд Ҳабибулло Хайруллозода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.