Толибон интиқоди бедалелро нисбати мансабдорон манъ карданд

Пешвои ҳаракати “Толибон” Ҳайбатуллоҳ Охундзода интиқоди бедалели мансабдоронро барои аҳолии Афғонистон манъ кард. Изҳороти беасос ба унвони мансабдорони давлатӣ дурӯғ ҳисобида мешавад, хабар медиҳанд ВАО бо истинод ба шабакаи телевизионии TOLO News. Ба гуфтаи роҳбари ҳаракат, ҳамаи интиқоди бедалел дурӯғ шуморида шуда, дар пайи он ҷазо пешбинӣ мешавад. Иҷрои амри Охундзода барои тамоми аҳолии кишвар […]

Пешвои ҳаракати “Толибон” Ҳайбатуллоҳ Охундзода интиқоди бедалели мансабдоронро барои аҳолии Афғонистон манъ кард. Изҳороти беасос ба унвони мансабдорони давлатӣ дурӯғ ҳисобида мешавад, хабар медиҳанд ВАО бо истинод ба шабакаи телевизионии TOLO News.

Ба гуфтаи роҳбари ҳаракат, ҳамаи интиқоди бедалел дурӯғ шуморида шуда, дар пайи он ҷазо пешбинӣ мешавад. Иҷрои амри Охундзода барои тамоми аҳолии кишвар ҳатмӣ аст.

Дар бораи ҷузъиёти дигари амр, аз ҷумла сабаби чунин тасмимгирӣ хабар дода намешавад.

Ҳаракати Толибон моҳи августи соли 2021 пас аз хуруҷи неруҳои низомии ИМА аз Афғонистон сари ҳокимияти ин кишвар омад.

Дар ҳукумати толбион Вазорати амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункар фаъолият мекунад, ки мундариҷаи маводро дар интернет ва телевизион танзим мекунад.

Пас аз сари ҳокимият омадан толибон ҷазои буридани дастҳо ва ҳукми қатлро дубора ҷорӣ намуда, тарошидани ришро ба мардон манъ карданд. Занонро ба пӯшидани сарулибоси мусулмонӣ уҳдадор намуда, дастрасии онҳоро ба кор маҳдуд ва бидуни ҳамроҳии мард дар ҳавопаймоҳо нишастанро манъ карданд.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Толибонро то ҳол ягон давлат ба расмият нашинохтааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.