Кумитаи дин дар қазияи рӯзноманигорони боздоштшуда ташхиси диншиносӣ надодааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, дар робита ба қазияи рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик, ки бештарашон ба ифротгароӣ ё ҳамкорӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар кишвар гумонбар мешаванд, ташхиси диншиносӣ надодааст.

Абдураҳмон Ваҳҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин, имрӯз, 25 июл дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки қазияи журналистони боздоштшуда  Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода хусусияти динӣ надорад ва онҳо дар робита ба ин қазияҳо ташхиси диншиносӣ надодаанд.

– Аз ВАО аз қазияи журналистон бохабар гардидем. Ин масъалае, ки марбут ба рӯзноманигрон ҳаст, хусусияти динӣ надорад, аз ин рӯ ба Кумитаи дин барои гузаронидани ташхиси диншиносӣ ягон мавод нисбат ба шахсони номбурда (Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, дар назар аст-шарҳи муаллиф) муроҷиат нашудааст”, – гуфт Ваҳобзода.

Дар ҳамин ҳол,  Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, ифротгароӣ танҳо дар самти динӣ нест ва ҳар нафаре, ки ба ифротгароӣ мутаҳҳам мешавад, набояд ҳатман аз ташхиси диншиносӣ гузарад.

– Агар навиштаи ҳар кас, ки дар муҳтавояш адабиётҳои динӣ ё мафҳумҳои динӣ истифода шуда бошад, дар ин сурат ба Кумитаи дин барои гузаронидани ташхиси диншиносӣ муроҷиат карда мешавад ва мо ташхиси диншиносӣ медиҳем, – гуфт Давлатзода.

Надодани ташхсиси диншиносӣ аз ҷониби Кумитаи дин дар қазияи рӯзноманигрони боздоштшуда дар ҳолест, ки бештари онҳо ба ифротгароӣ ё ҳамкорӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ гумонбар мешаванд.

Тайи камтар аз як моҳи охир 4 рӯзноманигор ва блогери тоҷик аз сӯи мақомот боздошт ва бозпурсӣ шуданд.

Шоми 8 июл Завқибек Саидаминӣ ва рӯзи 9 июл Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт шуданд. Завқибек Саидаминӣ барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда, бар зиддаш бо моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 парвандаи ҷинотяӣ боз шудааст. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ барои фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад ва нисбати ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Қаблан, Додситонии кул гуфта буд, ки Абдусаттор, 9 июл аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат барои  итоат накардан ба талаботи  корманди  пулис дастгир шудааст.

Ҳамчунин, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик рӯзи 15 июн аз сӯи додситони ноҳияи Шоҳмансур  боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Далери Имомалӣ бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ- моддаи 291 қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346 қисми 1 банди “а“ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва моддаи нав – 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) айбдор мешавад.

Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ аз ҷониби додситони ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.

Рӯзи 19 июли соли равон Вазорати корҳои дохила гуфт, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ба аъзогӣ дар Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом гумонбар мешавад.

Наздикони боздоштшудаҳо иттиҳоми ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳарактаҳои мамнӯъ дар кишварро рад мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...