ВКД: “Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад”

Ҳафиззода Шодӣ, сардори Раёсати ҷиноятҳои муташакили ВКД дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, блогер ва журналисти боздоштшудаи тоҷик барои фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад ва нисбати ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба таъкиди ӯ, Пирмуҳаммадзода ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва тафтишот идома дорад. Ин дар ҳолест, ки […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳафиззода Шодӣ, сардори Раёсати ҷиноятҳои муташакили ВКД дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, блогер ва журналисти боздоштшудаи тоҷик барои фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад ва нисбати ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба таъкиди ӯ, Пирмуҳаммадзода ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта додситонии кул гуфта буд, ки Абдусаттор, 9 июл аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат барои  итоат накардан ба талаботи  корманди  пулис дастгир шудааст.

– Нисбати Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маводҳои санҷишӣ тартиб дода шуда, ҳоло нисбаташ қарор ниҳоӣ қабул карда нашудааст. То 19 июл бо қарори суд, ки ҳукми қонунӣ пайдо кардааст, дар боздошт мемонад, – гуфта буданд аз додситонӣ.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 9 июл аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт шуд. Наздиконаш бо изҳори нигаронӣ гуфта буданд, ки аз ӯ хостаанд, дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нанависад ва танҳо дар мавзуъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ мавод таҳия кунад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди пешини радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон, солҳои охир асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ назару андешаҳои худро баён медошт. Махсусан, пас аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ӯ аз ангуштнамо рӯзноманигоре буд, ки ба ҳимоят аз онҳо садо баланд кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.