То ҷашни 35-умин солгарди истиқлолият дар Тоҷикистон 568 иншоот сохта мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки ба 9 сентябри соли 2026 рост меояд, тасдиқ намуд. Дар қарори ҳукумат гуфта мешавад, тадбирҳо бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашн, таблиғу тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ ва беҳтарин арзишҳои миллӣ андешида мешаванд. Гуфта […]

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки ба 9 сентябри соли 2026 рост меояд, тасдиқ намуд.

Дар қарори ҳукумат гуфта мешавад, тадбирҳо бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашн, таблиғу тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ ва беҳтарин арзишҳои миллӣ андешида мешаванд.

Гуфта мешавад, хароҷот ба ҷашн аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ гардидаанд, таъмин карда мешавад.

Дар Нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла тайёр кардани лавҳа, тамғаву нишон, медалу тангаҳои хотиравӣ, ташкили конфронсҳои байнулмилалӣ, гузашти низомӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 35-солагии истиқлолият дар саросари кишвар сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 568 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла дар қаламрави Ноҳияҳои тобеи марказ сохтмони 145 иншоот, шаҳри Душанбе – 136, вилояти Суғд – 129, вилояти Хатлон – 116 ва ВМКБ – 42 бинову иншоот дар назар аст.

Дар ин давра кӯдакистону мактаб, муассисаҳои тиббиву марказҳои варзишӣ, биноҳои нави мақомоти давлатӣ, меҳмонхона, роҳҳои мошингард, марказҳои логистикӣ, IT-паркҳо ва дигар бинову иншоот сохта хоҳанд шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.