Коронавирус ба Осиёи Марказӣ баргашт. Ба Тоҷикистон чӣ?

Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ҳамарӯза дар бораи афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз COVID-19 хабар дода шуда, дар мавриди пешгирии паҳншавии он тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ин ниҳод хабар доданд, вазъият зери назорат буда, […]

Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ҳамарӯза дар бораи афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз COVID-19 хабар дода шуда, дар мавриди пешгирии паҳншавии он тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ин ниҳод хабар доданд, вазъият зери назорат буда, барои пешгириву паҳншавии он чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои бемории коронавирус хабар дода, дар ҳамин ҳол, менависанд, ки ҳарчанд дар одамон тамоми аломатҳои гирифторӣ ба беморӣ ба мушоҳида расад ҳам, онҳо ба бемористон муроҷиат намекунанд.

Дар Вазорати тандурустӣ ин маълумотро овозае беш намедонанд ва мегӯянд, ин хабарҳо ҳеҷ асос воқеӣ надорад. Дар сурати пайдо шудани аломатҳои беморӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки ба муассисаи тиббии маҳалли зист муроҷиат кунанд.

“Агар шахс бемор бошаду ба беморхона муроҷиат накунад ва тест насупорад, Вазорат ҳолатҳои сироятро ба қайд гирифта наметавонад. Аз ин рӯ, Вазорат аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ба беморхонаҳо муроҷиат намоянд. Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, дар муассисаҳои тиббии маҳалли зисташон аз ваксинзанӣ гузаранд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Қаблан дар Вазорат изҳор дошта буданд, ки дар робита ба афзоиши ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷишҳоро дар ин самт дар сарҳад ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад. Мусофироне, ки тариқи роҳи ҳавоӣ ё заминӣ сафар мекунанд, бояд бо худ гувоҳнома (сертификат)-и ваксина гирифтан зидди коронавирусро дошта бошанд.

“Ғайр аз ин, ҳарорат санҷида мешавад ва агар он баланд бошад, тести коронавирус гирифта шуда, танҳо пас аз маълум шудани натиҷаи тест чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Маълумоти шахс ба дармонгоҳи маҳалли зист фиристода шуда, ӯ зери муоинаи табибон қарор мегирад. Меҳмонони кишвар – ба дармонгоҳи макони будубош/иқомат (хонаи иҷора, меҳмонхона) фиристода мешаванд”, – гуфтанд дар ин ниҳод.

Дар кишварҳои ҳамсоя вазъ чӣ гуна аст?

Қазоқистон

Шабонарӯзи гузашта  дар ин кишвар 1 ҳазору 450 ҳолати нави сироят аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ки kt.kz хабар медиҳад, аксарияти сироятёфтагон дар шаҳрҳои Алмато (589 нафар) ва Нурсултон (502 нафар) сабт шудааст.

Аз лиҳози арёбии вазъи эпидемиологӣ аз 7 июл Алмато ба минтақаи “зард” шомил гардида, аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки аз ваксинзанӣ гузаранд ё дубора ваксина гиранд.

Ӯзбекистон

Шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 61 ҳолати нави сироят аз коронавирус бақайд гирифта шудааст.

Беморӣ аз ҳама бештар дар Тошканд (13 ҳолат) ва вилоятҳои Қашқадарё, Самарқанд ва Хоразм (5-ҳолатӣ) ошкор шудааст.

Тавре ки coronavirus-control.ru хабар медиҳад, айни замон 1 ҳазору 485 нафар сироятёфтагон аз COVID-19 дар бемористонҳо табобат мегиранд.

Қирғизистон

То 19 июл дар ин кишвар 200 ҳазору 993 ҳолати сироят аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шабонарӯзи ахир шумори сироятёфтагон тағйир наёфтааст, ҳарчанд ҳафтаҳои гузашта аз 84 то 94 ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба бемории коронавиорус сабт мешуд.

Тавре ки kaktus.media хабар медиҳад, то ба имрӯз ваксинаҳои AstraZeneca, "Спутник-Лайт", Moderna ба охир расида, лекин хоҳишмандон дар бунгоҳҳои муваққатии эмкунӣ ваксинаи SinoPfarm гирифта метавонанд.

Дар ҷаҳон

Бино ба маълумоти саҳифаи мониторингии Worldometers, то 17 июл шумори фавтидагон дар ҷаҳон аз сирояти коронавирус 6 млн 387 ҳазору 753 нафарро ташкил медиҳад (теъдоди фавтидагон дар 1 шабонарӯз 690 нафар афзудааст).

Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 22,5 млн нафар аз COVID-19 сироят ёфта, шумори умумии сироятёфтагон ҳудуди 568 млн нафарро ташкил медиҳад. То ин дам ҳудуди 539 млн нафар сироятгирифтагон аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.