Зиёни офати табиӣ дар Тоҷикистон дар ним сол зиёда аз 15,5 млн сомониро ташкил дод

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми зиёни расида аз офати табиӣ дар Тоҷикистон 15 млн 583 ҳазору 300 сомониро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ба сурати умум, дар ин давра 606 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми зиёни расида аз офати табиӣ дар Тоҷикистон 15 млн 583 ҳазору 300 сомониро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба сурати умум, дар ин давра 606 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуда, аз 36-тои он зарари назаррасӣ моддӣ расидааст.

“Имсол бар асари офатҳои табиӣ 8 нафар, аз ҷумла 4 нафар дар натиҷаи фаромадани селу сангреза ва боз 4 нафар аз зарбаи шарораи раъду барқ ва фаромадани тарма ҳалок шуданд”, – иброз дошт раиси Кумита.

Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст (он замон 22 нафар ҳалок шуда буданд).

Дар ҳамин ҳол, зикр кард ӯ, шумори ҳодисаҳои офати табиӣ дар муқоиса бо соли гузашта зиёда аз ду баробар зиёд шудааст.

Раиси Кумита ҳамчунин иттилоъ дод, ки бар асари офатҳои табиӣ 88 хона, аз ҷумла 16-то онҳо пурра, 179 иншооти ёридиҳанда, 17 пул ва 297 километри роҳи мошингард осеб диданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.