Нишасти Тошканд. Мирзиёев: Равобит бо террористонро қатъ кунед. Толибон: Ба минтақа хатар эҷод намекунем

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон аз ҳукумати муваққати “Толибон” даъват кардааст, ки равобит бо созмонҳои байналмилалии террористиро қатъ кунанд. “Толибон” дар навбати худ ваъда додаанд, ки Афғонистон дигар ба Ӯзбекистон ва кишварҳои минтақа хатар эҷод намекунад. Имрӯз, 26 июл, Шавкат Мирзиёев дар паёми шодбошӣ ба иштирокчиёни конфронси байналмилалии “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ”, ки бо ширкати […]

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон аз ҳукумати муваққати “Толибон” даъват кардааст, ки равобит бо созмонҳои байналмилалии террористиро қатъ кунанд. “Толибон” дар навбати худ ваъда додаанд, ки Афғонистон дигар ба Ӯзбекистон ва кишварҳои минтақа хатар эҷод намекунад.

Имрӯз, 26 июл, Шавкат Мирзиёев дар паёми шодбошӣ ба иштирокчиёни конфронси байналмилалии “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ”, ки бо ширкати “Толибон” дар Тошканд мегузарад,   аз ҳукумати кунунии Афғонистон даъват кардааст, ки иродаи устувор нишон диҳанд ва барои пешгирӣ ва муқовимат бо терроризм дар ҳама шаклу зуҳуроташ чораҳои қатъӣ андешанд ва иртибот бо ҳама созмонҳои террористиро қатъ кунанд.

Ба таъкиди ӯ, ин ба таҳкими эътимод ба ҳукумати муваққат, боз кардани дурнамои воқеии рушди устувори Афғонистон дар фазои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории мутақобилан судманд бо минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Сомонаи “Podrobno.uz” менависад, ки Мирзиёев, ҳамчунин, аз ширкаткунандагони конфронс даъват кард, ки саъю кӯшиши худро ба фароҳам овардани заминаҳои воқеии рушди Афғонистон ҳамчун кишвари осоишта, босубот ва шукуфону орӣ аз терроризм ва маводи мухаддир равона созанд.

"Авлавияти кори мо бояд барқарорсозии иқтисод бошад, ки шарти муҳими ноил шудан ба сулҳи пойдор дар ин кишвари азиятдида аст", – афзудааст президенти Ӯзбекистон.

Раисиҷумҳури ин кишвар хостори пуштибонӣ аз талошҳои ҳукумати муваққати Афғонистон барои барқарории вазъи иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бидуни субот дар Афғонистон ба амният ва рушди устувор дар Ӯзбекистон ва дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ноил шудан ғайриимкон аст.

"Халқҳои ӯзбеку афғон ҳазорсолаҳо дар канори ҳам зиндагӣ мекунанд. Моро арзишҳои муштараки фарҳангӣ, маънавӣ ва таърихӣ, дини ягона ва мероси ниёгони бузург муттаҳид мекунанд. Бо бесуботӣ дар он тарафи Амударё, дар Ӯзбекистон ба амният ва рушди устувор ноил шудан ғайриимкон аст Аз ин лиҳоз, коҳиши таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба Афғонистон, ки дар таърихи навини худ ба бӯҳрони амиқи иҷтимоию иқтисодӣ ва башардӯстона мувоҷеҳ шудааст, боиси нигаронӣ аст”, – гуфтааст президент.

Мирзиёев афзудааст, ки “Қатъномаи махсус оид ба таҳкими робитаи мутақобилаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ”, ки ахиран аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, аҳамияти ҳаётан муҳими ҳифзи сулҳ дар Афғонистонро барои таъмини амнияти байналмилалӣ тасдиқ кард.

Ба гуфтаи вай, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо мардуми Афғонистон ҳамбастагӣ нишон диҳад.

Дар ҳамин ҳол, Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷаи Афғонистон итминон додааст, ки қаламрави кишвараш дигар ба Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои минтақа хатар эҷод намекунад.

"Уҳдадориҳои ҷониби Афғонистон барои нигоҳдорӣ ва густариши ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон, ки наздиктарин ва боэътимодтарин шарики ин кишвар аст, таъкид шуд. А. Муттақӣ итминон дод, ки қаламрави Афғонистон дигар барои Ӯзбакистон ва дигар давлатҳои минтақа хатаре нахоҳад дошт”, – омадааст  дар муроҷиатномаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар бораи натиҷаҳои музокирот.

Владимир Норов, иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии ин кишвар аз “Толибон” даъват кардааст, ки барои зудтар иҷро кардани талаботи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъсиси ҳукумат бар асоси намояндагии васеъ, эҳтироми ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои миллӣ ва таъмини духтарони тоҷик барои дастрасӣ ба таҳсилоти пурраи мактабӣ чораҳои муассир андешад.

Норов, ҳамчунин, ба иштирокчиёни конфронс паёми дабири кулли СММ Антониу Гутерришро расондааст, ки дар он аз ҷумла қайд мешавад, “муқовимат бо терроризм, ҳимояи ҳуқуқи башар ва ташвиқи иштироки фаъоли занону духтарон дар ҷомеа муҳими сулҳу тараққӣ дар Афғонистон, инчунин дар минтақа ва берун аз он мебошанд. Ба ҳамин монанд, нақши кишварҳои ҳамсоя, ба мисли кишвари шумо (Ӯзбекистон) барои суботи Афғонистон ҳаётан муҳим аст. СММ ба мусоидат ба сулҳ, расонидани кӯмаки башардӯстона, дастгирии рушди устувор ва ҳифзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон идома хоҳад дод."

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфтааст, ки боз кардани дороиҳои молии Афғонистон дар хориҷ аз омилҳои аслии эҳёи иқтисоди Афғонистон, ҳалли масъалаҳои ҷиддии иҷтимоӣ, ки имрӯз дар назди мардуми ин кишвари дӯст қарор дорад ва ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, “Afghanistan International” хабар медиҳад, ки дар ин нишасти байналмилалӣ намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Том Вест гуфтааст, ки Вошингтон омода аст бо Толибон масъалаи озод кардани дороиҳои молии Афғонистонро баррасӣ кунад.

Ҳамзамон вай таъкид кардааст, ки тавассути муколама бо Толибон ниҳодҳои байналмилалӣ бояд ба шаффофият дар ин замина итминон дошта бошанд.

Том Вест тавзеҳ додааст, ки дар ҳоле ки кишвараш бо Толибон даргир аст, бо наздик шудани зимистон, мардуми Афғонистон бо мушкилоти бештаре рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ба ин далел, Амрико, ки бузургтарин донори кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон аст, омода аст бо Толибон барои раҳоии маблағҳои басташудаи ин кишвар музокира кунад.

Дар маҷмӯъ, дар замони суқути ҳукумати собиқи Афғонистон дар суратҳисобҳои хориҷии Бонки марказии ин кишвар (Бонки Да Афгонистон) беш аз 9 миллиард доллар захира мавҷуд буд, ки бештари он дар Амрико нигоҳ дошта мешуд. Боқимондаи дороиҳо дар Олмон, АМА, Швейтсария ва чанд кишвари дигар ҷойгир буданд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон, дирӯз, дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ” конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз кард, ки то 26 июл давом мекунад.

Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ", ки бо ширкати “Толибон” дар шаҳри Тошканд як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сатҳи сардори раёсат ва як корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар конфронс намояндагони махсус оид ба Афғонистони Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Италия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Русия, ИМА, Туркия, дар маҷмӯъ, намояндагони 100 кишвар иштирок мекунанд.

Қаблан, “Толибон” изҳори умедворӣ карда буданд, ки вохӯрӣ дар Тошканд робитаҳояшонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик мекунад ва ба интизориҳову талаботи ҳукумату мардуми Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.