Чаро помидор дар Тоҷикистон қимат шуд?

Asia-Plus

Тайи ду-се рӯзи ахир нархи помидор дар Тоҷикистон босуръат боло рафт. Субҳи рӯзи 26 июл дар бозори маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе савдогарон аз водии Ҳисор, ки маҳсулоти худро тариқи қатораи “Пахтаобод-Душанбе” ба пойтахт меоранд, 1 кило помидорро бо савдогарони чаканафурӯш бо нархи 7-8 сомонӣ мефурӯхтанд. Онҳо дар навбати худ нархи помидорро дар бозорҳо то 10-12 сомонӣ боло бардоштанд.

Фермер Абдуҳофиз Мирзоев якбора боло рафтани нархи помидорро ба давраи фосилавӣ рабт дод, ки пас аз анҷоми ҳосили барвақтӣ ва оғози ҳосили дерпази помидор ба миён омад.

«Одатан дар охири моҳи июл – аввали моҳи август ин давра оғоз мегардад ва дар ин вақт на танҳо помидор, балки дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳам қимат мешаванд. Пас аз як ҳафта ҷамъоварии навъҳои дерпаз сар шуда, нархҳо метавонанд поин раванд», – пешгӯи кард ӯ.

Ғайр аз ин, имсол дар робита ба қиматшавии нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва кирояи коргарон тамоили умумии болоравии нархҳо ба маҳсулоти кишоварзӣ ба мушоҳида мерасад.

Сабаби дигари боло рафтани нархҳо гармӣ гуфта мешавад. Кишоварзоне, ки помидор парвариш мекунанд, мегӯянд, тайи як ҳафтаи ахир бар асари гармии ғайримуқаррарӣ барои ҷамъоварии ҳосил ба саҳро набаромадаанд.

Як зани сокини шаҳри Турсунзода, ки помидор ҷамъоварӣ мекунад, шикоят кард, ки вақте онҳо барои ҷамъоварии помидор ба саҳро рафтаанд, аз ҷамъоварии помидор қариб дастҳояшон сӯхтааст, зеро баргу буттаи помидор гӯё оташ мегирифтанд.

Ба гуфтаи фермери дигар аз Шаҳринав Одил Атоев, қисмати зиёди растаниҳо аз нурҳои гарму сӯзони офтоб хушк шудааст.

“Бегоҳӣ об медиҳем ва рӯзона онҳо хушк мешаванд, ба қабати муҳофизатӣ мондан дар болои ҷӯякҳо ва саросари майдон барои нигаҳдории намӣ имкон нест, чунки об тез буғ мешавад”, – мегӯяд ӯ.

Бино ба маълумоти коршиносони портали EastFruit, ҳамаи кишоварзон оқибатҳои гармии тоқатфарсоро эҳсос карда истодаанд.

“Ҳатто помидорҳое, ки ҳавои гармро "дӯст медоранд" дар саҳроҳо хушк мешаванд. Аз ин рӯ, ҳафтаи ахир пешниҳоди онҳо якбора кам шуда, нархҳо ду баробар боло рафт. Ҳоло 1 кило помидори аз 5 сомонӣ (0,49 доллар барои як кг) арзонтар нест, аммо барои фурӯши яклухти помидорҳои калон ва хушсифат фурӯшандагон 7 ($0,68) сомонӣ талаб мекунанд. Як ҳафта пеш нархи як кг помидор 3 сомонӣ (0,29 доллар) буд”, – изҳор доштааст мушовири байнулмилалии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) Бахтиёр Абдувоҳидов.

Ӯ ҳамчунин зикр мекунад, ки дар ин давра нарххҳои помидор дар Тоҷикистон то ҳадди ниҳоӣ поин рафта, мавсими консервкунии сабзавот барои зимистон оғоз мегардад. Аксирияти скоинони шаҳр бо нархи яклухт дар ҳаҷми зиёд сабзавот мехаранд, ки акнун бо ин нархҳо на ҳама имкон доранд.

Бо назардошти талафоти бебозгашти деҳқонон, дар ин мавсим помидор шояд дигар арзон ҳам нашавад. Ин маънои онро дорад, ки аҳолиро акнун лозим меояд маҳсулоти хӯроквориро қимат бихарад ва эҳтимол меравад хароҷот барои ғизо дар фасли зимистон ба таври назаррас афзоиш ёбад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...