Нигаронии додситони кулли Русия аз иштироки шаҳрвандони “кишварҳои дӯст” дар ҷанги Украина

Додситони кулли Русия Игор Краснов аз иштироки шаҳрвандони бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷанг бо Украина изҳори нигаронӣ кард. Рӯзи 26 июл зимни мулоқот бо додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Душанбе  ӯ ҷалби сарбозони кироя ва паҳнкунии аслиҳа  дар Украинаро “як таҳдиди фавқулодда” барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) номидааст, хабар медиҳад ТАСС. Қобили […]

Додситони кулли Русия Игор Краснов аз иштироки шаҳрвандони бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷанг бо Украина изҳори нигаронӣ кард.

Рӯзи 26 июл зимни мулоқот бо додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Душанбе  ӯ ҷалби сарбозони кироя ва паҳнкунии аслиҳа  дар Украинаро “як таҳдиди фавқулодда” барои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) номидааст, хабар медиҳад ТАСС.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати ИДМ давлатҳои Русия, Белорус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Молдова шомиланд.

“Дар вазъияти кунунии вобаста ба ҳодисаҳо дар Украина, ин таҳдидҳо афзоиш меёбанд. Имрӯз кишварҳои мо дар пешорӯи таҳдидҳои наву фавқулодда хатарнок қарор доранд, мисли ширкати шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар амалиёти ҷангӣ ба ҳайси сарбозони кироя, паҳншавии силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир”, – овардааст гуфтаҳои Красновро Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ.

Ӯ таъкид доштааст, ки барои аз байн бурдани ин таҳдидҳо” кишварҳои ИДМ ва сохторҳои ҳифзи қонун бояд шеваи ҳамкориро мутобиқ ба талаботи замон “манфиатнок” гардонанд.

Қобили зикр аст, ки дар Душанбе Игор Краснов ва Юсуф Раҳмон Барномаи ҳамкорӣ байни мақомотро то соли 2024 ба имзо расониданд, ки аз тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткорӣ ва таҳдидҳое чун терроризм ва ифротгароӣ иборат аст.

Гуфта мешавад, маълум нест манзури Краснов чӣ аст ва ҳам посухи ҷониби Тоҷикистон ба ин сӯҳбатҳо чӣ будааст, чун ҷузъиёти дидору гуфтугӯҳои додситонҳо дар матбуоти расмии ду кишвар то ҳол нашр нашудааст.

“Мақомоти Тоҷикистон аз замони шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина рӯзи 24 феврал ҳеҷ гоҳ ба таври ошкоро мавқеи худро дар ин бора баён накардаанд”, – хабар медиҳад Centralasian.org.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.