Дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон 5 кӯдак ғарқ шуданд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар як рӯзи охир дар шаҳру навоҳии кишвар панҷ наврас ғарқ шудаанд, ки калонтарини онҳо 18-сола буд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (ҚҲФ) хабар медиҳад.

Ҳодисаҳои фоҷеабор дар навоҳии Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиён ва дар шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шудаанд.

Ғарқшудагон мутаваллиди солҳои 2004, 2006 ва 2011 будаанд.

Ҷасади чаҳор нафари ғайршудаҳо аз об берун оварда, ба наздиконашон супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади як сокини 16-солаи деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон идома дорад.

КҲФ сабабҳои фоҷиаро оббозӣ дар ҷойҳои муайяннашуда ва номаълум гуфт.

– Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба аҳолӣ, махсусан ба волидон муроҷиат намуда, онҳоро даъват менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд, реҷаи ҳаррӯза ва истироҳати кӯдаконро тартиб диҳанд, дар обанборҳо ҳамроҳи онҳо бошанд, – ҳушдор медиҳад ин ниҳод.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол 84 нафар дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар бештар аст.

Аз шумораи умумӣ то 4-сола – 7 кӯдак, аз 5 то 10-сола – 15 кӯдак, 11-16-сола – 24 наврас, 17-35-сола – 27 нафар ва аз 35-сола боло 11 нафар мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...