RSF ба раҳоии рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик даъват кард

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF)  боздошти чор хабарнигор ва блогери тоҷикро, ки ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротӣ гумонбар мешаванд, маҳкум намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки онҳоро раҳо кунанд.

Ин созмон, имрӯз, 27-уми июл бо нашри як баёнияе боздошти 4 хабарнигор – Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро як усули тарс додани рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (ВАО) номидааст.

Жанна Кавелиер, раҳбари минтақавии Созмон дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар шарҳи баёния афзудааст, ки дар натиҷаи афзоиши сензура ва тӯҳмат алайҳи васоити ахбори омма, рӯзноманигорон пас аз ҳар як тафтишот ба ҳабс дучор мешаванд.

– Мақомоти Тоҷикистон бояд аз иттиҳоми бардурӯғ барои хомӯш кардани рӯзноманигорони интиқодӣ аз ҳукумат даст кашанд ва боздоштшудаҳоро озод кунанд, – гуфтааст Жанна Кавелиер.

Тайи камтар аз як моҳи охир 4 рӯзноманигор ва блогери тоҷик аз сӯи мақомот боздошт ва бозпурсӣ шуданд.

Шоми 8 июл Завқибек Саидаминӣ ва рӯзи 9 июл Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт шуданд. Завқибек Саидаминӣ барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда, бар зиддаш бо моддаи 307 қисми 2 нишонаи 3 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ барои фаъолияти экстремистӣ гумонбар мешавад ва нисбати ӯ бо моддаи 307 иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ҳамчунин, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик рӯзи 15 июн аз сӯи додситони ноҳияи Шоҳмансур  боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Далери Имомалӣ бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ- моддаи 291 қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346 қисми 1 банди “а“ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва моддаи нав – 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) айбдор мешавад.

Нисбати Абдуллоҳи Ғурбатӣ аз ҷониби додситони ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 328, қисми 1 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.

Рӯзи 19 июли соли равон Вазорати корҳои дохила гуфт, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ба аъзогӣ дар Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом гумонбар мешавад.

Наздикони боздоштшудаҳо иттиҳоми ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳарактаҳои мамнӯъ дар кишварро рад мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...