Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Хуҷанд ба Маскав оғоз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз аввали моҳи август парвозҳоро дар масири Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд оғоз мекунад. Дар ин бора дар хабарномаи матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ дода мешавад. Гуфта мешавад, ки аввалин парвоз аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Внуковои Маскав ва бозгашт рӯзи 1 август дар назар аст. Парвозҳои минбаъда рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешаванд. […]

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз аввали моҳи август парвозҳоро дар масири Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд оғоз мекунад. Дар ин бора дар хабарномаи матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки аввалин парвоз аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Внуковои Маскав ва бозгашт рӯзи 1 август дар назар аст. Парвозҳои минбаъда рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешаванд.

Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро дар хатсайрҳои "Хуҷанд – Сургут – Хуҷанд", "Душанбе – Самара – Душанбе", "Душанбе – Екатеринбург – Душанбе", "Душанбе – Новосибирск – Душанбе" ва "Душанбе — Мюнхен — Душанбе" то ду маротиба дар як ҳафта афзоиш медиҳад.

Аз ҷумла, ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" парвозро аз Хуҷанд ба Сургут аз 1 август оғоз намуда, рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе парвоз хоҳанд кард.

Аз 2 август бошад парвозҳо аз Душанбе ба Самара оғоз гардида,  онҳо рӯзҳои сешанбе ва шанбе сурат мегиранд.

Ширкати ҳавопаймоӣ аз 5 август рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе парвозҳоро аз Душанбе ба Екатеринбург анҷом медиҳад. Ва аз Душанбе ба Новосибирск — аз 6 август — рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом хоҳад дод.

Аз нимаи дуюми моҳи август аз шаҳри Душанбе ба Мюнхен рӯзҳои душанбе ва ҷумъа парвоз кардан мумкин аст.

Ҳамчунин, аз 3 август ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро дар хатсайри "Хуҷанд – Новосибирск – Хуҷанд" ва аз 4 август дар хатсайрҳои "Душанбе – Қазон – Душанбе" ва "Душанбе – Маскав (Жуковский) – Душанбе" аз сар мегирад.

Бояд гуфт, ки парвозҳо аз Хуҷанд ба Новосибирск ҳафтае як маротиба, рӯзҳои чоршанбе анҷом дода шуда, парвозҳо ба фурудгоҳи Қазон ва Жуковский бошад – ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе ба роҳ монда мешавад.

Маълумоти муфассалро метавонед аз маркази тамоси ширкати ҳавопаймоӣ ва офисҳои фурӯш дастрас кунед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.