“Харидор нест”. То ҳол меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-у бинои “Тоҷиксодиротбонк”-ро нафурӯхтаанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон то ҳол биноҳои асосии “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”, ду бонки пурмоҷаро ва муфлисшуда дар Тоҷикистон ва меҳмонхонаи маъруфи “Тоҷикистон”-ро нафурӯхтааст.

Қаблан, дар як музояда нархи ибтидоии бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ҳудуди 12 миллион доллар ё 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ ва бинои меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, наздики 25 миллион доллар ё 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ муайян шуда буд. Маълум нест, ки нархи ибтидоии бинои асосии “Агроинвсетбонк” чӣ қадар муқарар шудааст.

Саъдӣ Қодирзода, раиси кумитаи сармоягузорӣ, имрӯз, 1 август дар нишасти матбуотӣ сабаби то ба ҳол ба фурӯш нарафтани ин биноҳоро таваҷҷуҳи ками харидорон ба онҳо арзёбӣ кард.

“Дар нимаи аввали соли 2022 аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлатӣ ба буҷет 12,1 миллион сомонӣ ворид шуд. Мутаассифона, ба харидории биноҳои «Агроинвестбонк», «Тоҷисодиротбонк» ва меҳмонхонаи «Тоҷикистон» таваҷҷуҳ хеле кам аст. Дар 19 музояда як қисми молу мулкашон ба фурӯш рафтааст, вале ба чизҳои дигар харидор нест. Мо корро дар ин самт идома дода истодаем,-гуфт Қодирзода.

Ин масъули давлатӣ афзуд, ду роҳи ҳалли ин масъала мавҷуд аст: яке фурӯши ин биноҳо, ки то ба ҳол харидор пайдо нашудааст, дуввум, ба иҷора додани ин биноҳо.

Гуфта мешавад, ки масъули музоядаи бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буда, он 25-уми майи соли равон нашр шудааст.

Тариқи музояда ба фурӯш гузоштани бинои асосии ду бонки пурмоҷаро ва меҳмонхонаи маъруф дар кишвар дар ҳолест, ки  21 майи соли 2021 Бонки милии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти ин ду бонкро бозхонда, бо ҳукми додгоҳ барои фурӯши амвол ва дороиҳои он мудири муваққат таъин шуд.

Гуфта мешавад, ки фурӯши бинои асосии бонкҳо ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, ки дороиҳои ин бонкҳо гуфта мешавад, дар доираи фурӯши амвол ва дороиҳои бонкҳо сурат мегирад ва маблағи он барои пардохти қарзӣ муштариён сарф мешавад.

Моҳи декабри соли 2021 дар поёни як ҷаласаи парлумони раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳузури рӯзноманигорон гуфта буд, ки “Тоҷиксодиротбонк” 70 дарсади амонати муштариёнашонро баргардониданд.

Теъдоди умуми амонтагузорони “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳафт сол пеш “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” қариб нисфи бозори бонкии кишварро ишғол мекарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...