Обуҳавошиносон: моҳи август ҳаво салқин мешавад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи август дар Тоҷикистон нисбат ба моҳи гузаштаи тобистон салқинтар шуда, нимаи дуюми моҳ боридани боронҳо дар назар аст.

Тавре ки аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, ҳарорати миёна дар ноҳияҳои дар водиҳо воқеъбуда дар сатҳи аз 17 то 31 ва дар минтақаҳои кӯҳистон – то 25 дараҷа гарм қарор хоҳад дошт.

“Дар Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин вилояти Хатлон дар ин моҳ ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Меъёри моҳонаи боришот (меъёр: дар водиҳо 0,5-5 мм, дар доманакӯҳ – 6-21 мм) поинтар пешбинӣ мешавад”, – гуфтанд обуҳавошиносон.

Дар ҳамин ҳол, боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар нимаи дуюми моҳ имконпазир аст.

“Дар баъзе рӯзҳо дар назар аст, ки шамол аз самти ғарб то 17-22 м/с афзоиш ёфта, тӯфони чангу туман дар назар аст”, – зикр кард манбаъ.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчунин зикр карданд, ки чунин обуҳаво дар моҳи охири тобистон 6 сол пеш ба мушоҳида расида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...