Ба талабот ҷавобгӯ набудаанд. Қатъи фаъолияти 7 мактабу омӯзишгоҳ дар кишвар

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти кишвар фаъолияти 7 макотиби таълимиро дар кишвар қатъ кардааст. Сабаб – ба талаботи стандартҳои соҳаи маориф ҷавобгӯ набудан аст. Дар ин бора имрӯз, 2 август директори оҷонсӣ Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, инҳо муасисаҳои таълимии зерин мебошанд:

  • Мактаби хусусии Мирзо Ҳасанзода дар ноҳияи Мастчоҳ;
  • Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Ояндаи дурахшон» дар шаҳри Бӯстон;
  • ҶДММ «Ҳисор»;
  • ҶДММ «Хонаи британиягӣ» (кӯдакистон) дар шаҳри Душанбе;
  • Маркази таълимии «Чароғи дониш» дар шаҳри Душанбе;
  • Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сафои Ватан» дар шаҳри Душанбе;
  • Ихтисосҳои тиббии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд»;

Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки дар ин давра кормандони оҷонсӣ 523 аттестатсияи давлатӣ, 306 акредетатсияи давлатӣ, 13 расмиёти дубора ва 125 ташхиси иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимиро ба анҷом расониданд.

«Натиҷаи санҷиши сатҳи муассисаҳои таълимии мамлакат маълум намуд, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дар самти асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва таъминоти кадрии муассисаҳои таълимӣ, ки омили асосии баландбардории сифати таҳсилот маҳсуб мешаванд, тағйироти мусбат ба мушоҳида мерасад», — афзуд Субҳон Икромзода.

Номбурда авзуд, ки дар асоси нақша дар шаш моҳи соли 2022 ҷиҳати муайян намудани сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён дар 515 муассисаи таълимӣ санҷиши сатҳи сифати таҳсил гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  2021 16 муассиса зиёд мебошад.

Қатъи фаъолияти 7 макотиби таълимӣ дар кишвар дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар паёми охири худ, аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳои кишвар интиқоди шадид карда буд

Ӯ гуфта буд, системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст ва омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд.

– Аксарияти омӯзгорон бо равишҳои кӯҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои кӯҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем, – гуфта буд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба назари Эмомалӣ Раҳмон, бо ин шева "мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар ин ҷо (калла) чизе нест".

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...