Мақомот сабаби куштори пурсарусадои ду фаррош дар Деваштичро шарҳ дод

Asia-Plus

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо гузашти беш аз ду ҳафта, куштори пурсару садои ду зани фаррош дар Идораи замини ноҳияи Деваштичро расман шарҳ дод ва фазои носолими кориро дар ин идора сабаби асосии фоҷеа арзёбӣ кард.

Рӯзи 31 июни соли равон, ин ниҳод бо нашри як навор, Саҳобиддин Мунавварзода, мутахассиси пешбари идораи замини ноҳияи мазкурро гумонбари асосӣ дар ин куштор донист ва афзуд, маҳз доштани хусумати шахсӣ нисбати раиси кунунии идораи замини ноҳия сабаби даст ба куштори хунин задан гардидааст.

“Гумонбар аз сабаби доштани хусумати шахсӣ ва қасд нисбати раис, муовин ва дигар хизматчиёни кумитаи мазкур, ки гӯё барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ӯ монеагӣ мекарданд, бо мақсади тарс додан ва ба таҳлука андохтани онҳо бо ташкили далелҳои сунъии бадномкунанда даст зада, дар рӯзи ҳодиса бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ ду  утоқи кории идораи заминро оташ мезанад”,- омадааст даро изҳороти раёсат.

Ин ниҳод мегӯяд, дар ин асно, ғайриинтизор занони фаррош аз сӯхтор бохабар шуда, мехоҳанд, онро хомӯш кунанд. Вале гумонбар Мунавварзода бо мақсади рӯйпуш кардани ҷинояти худ бо корди ошхонагӣ онҳоро ба қатл мерасонад.

“Мехостам раис ва чанд ҳамкори дигарамро тарсонам. Аловро сар додаму куштам. Дудаш баромада истода буд. Куштам, ки ҳамаҷо дар нагирад. Баъдан баромада аз раисро ҳам даргиронда куштам. Вақти баромадан яке аз фаррошҳоро дидаму сразу подвал фаромада кордро гирифта баромадаму як корд заданамро дар ёд дорам тамом. Дигар ягон чиз дар ёдам нест”, – нақл мекунад Мунавварзода рафти ҳодисаро.

Гуфта мешавад, ки ӯ, аввал Умеда Зокироваро бо 8 захми корд ба қатл мерасонад ва баъди он ки Вориса Фозилова ҳодисаро мебинад, ӯро бо 13 захми корд ба ҳалокат мерасонад.

“Фазои носолими корӣ дар идораи кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштич заминаи фоҷиаи хунинро гузоштааст ва кушташудагон қурбонии тасодуфӣ мебошанд.” – шарҳ додааст, РВКД вилояти Суғд.

Ёдовар мешавем, ки ҷасади Вориса Фозиловаи 56-сола ва Умеда Зокироваи 45-сола рӯзи 17-уми июли соли равон дар Идораи замини ноҳияи Деваштич дарёфт шуд.

Дар аввал гуфта мешуд, ки дар робита ба ин ҳодиса ду нафар корманди ин идора боздошт шудаанд. Вале баъдан посбони ин идораро, ки ҷасадҳоро пайдо карда буд, баъди бозпурсӣ раҳо карданд.

Пайвандони кушташудагон талаб доранд, ки гунаҳкорон ҷазо бигиранд.

Гуфта мешавад, ки бар зидди Мунавварзода бар асоси моддаи 104 (одамкушӣ)-и парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...