Олимпиадаи шоҳмот: ғалабаи мардону бохти занон

Дар даври навбатии Олимпидаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, мунтахабҳои занон ва мардони Тоҷикистонро пирӯзиву бохт пайгир аст. Дар даври 5-уми мусобиқа мунтахаби мардони Тоҷикистон бар тими Суринам бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Алишер Каримов, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов ва Ҷалолиддин Илҳомӣ ҳарифони худро мағлуб карданд. Мунтахаби шоҳмоти занони Тоҷикистон ин […]

Дар даври навбатии Олимпидаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, мунтахабҳои занон ва мардони Тоҷикистонро пирӯзиву бохт пайгир аст.

Дар даври 5-уми мусобиқа мунтахаби мардони Тоҷикистон бар тими Суринам бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Алишер Каримов, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов ва Ҷалолиддин Илҳомӣ ҳарифони худро мағлуб карданд.

Мунтахаби шоҳмоти занони Тоҷикистон ин дафъа бо ҳисоби 0:4 аз дастаи Ирландия шикаст хӯрд.

Дар даври минбаъда мунтахаби мардони Тоҷикистон бо тими Андорра ва мунтахаби занон – бо Суринам бозӣ мекунанд.

Ба ин тариқ пас аз 5 давр мунтахаби мардони Тоҷикистон дар зинаи 52-юм ва занон – дар мақоми 104-ум қарор доранд.

Дар мусобиқа байни мардон дастаҳои Ҳиндустон-2 ва Арманистон аз 10 холи имконпазир 10 имтиёз, Ҳиндустон-1, Ӯзбекистон, Эрон, Куба ва ИМА – 9 имтиёз ба даст овардаанд.

Байни занон бо касби 10-имтиёзӣ дастаҳои Ҳиндустон, Гурҷистон ва Руминия пешсаф мебошанд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои Русия, Беларус ва Чин дар ин мусобиқа иштирок надоранд.

Мусобиқа бо низоми швейтсарӣ дар 11 давр гузаронида мешавад. Ба ҷуз Олимпиада, дар Ченнаи имрӯзҳо Конгресии Федератсияи байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ) ҷараён дошта, рӯзи 7 август маросими интихоби президенти ФИДЕ баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.