Боздошти тоҷикистониён дар Ӯзбекистон ба гумони нашъаҷаллобӣ

Дар доираи якчанд амалиёти махсус дар мавриди дарёфту мусодираи миқдори зиёди маводи нашъаовари афюн ва ҳашиш кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гумони хариду фурӯши маводи мухаддир ба ҳабс гирифтанд, хабар медиҳад Podrobno.uz. Дар ҷараёни чорабинии фаврӣ дар вилояти Сурхондарё автомашинаи “Нексия, ки аз Бекобод ба Гулистон раҳсипор буд, боздошт ва аз назар […]

Дар доираи якчанд амалиёти махсус дар мавриди дарёфту мусодираи миқдори зиёди маводи нашъаовари афюн ва ҳашиш кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гумони хариду фурӯши маводи мухаддир ба ҳабс гирифтанд, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Дар ҷараёни чорабинии фаврӣ дар вилояти Сурхондарё автомашинаи “Нексия, ки аз Бекобод ба Гулистон раҳсипор буд, боздошт ва аз назар гузаронида шуд. Аз мусофири ин автомашина – шаҳрванди 58-солаи Тоҷикистон 1 кило афюн дарёфт шуд, ки мехостааст онро ба Қазоқистон барад.

Боз як марди шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Фарғона ҳамроҳи ҳамсараш зиндагӣ мекунад, ба ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё рафта, дар он ҷо бо роҳи қочоқ интиқоли 978 грамм афюн ва 994 грамм ҳашишро аз Тоҷикистон ташкил кардааст. Маводи мухаддирро ӯ бо 11 ҳазор доллар аз шаҳрванди Тоҷикистон харидааст. Онҳо зимни бозгашт ба шаҳр бо маводи мухаддир дар Марғелон боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни чорабинии фаврӣ дар вилояти Тошканд ҳангоми фурӯши қариб 2 кило ҳашиш сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон боздошт шудааст.

Ғайр аз ин, дар постгоҳи “Самарқанд мунтазам” дар ноҳияи Пахтачин автомашинаи “Спарк” боздошту аз назар гузаронида шудааст, ки дар дохили он сокини 31-солаи ноҳияи Ургут ва ҳаммаслаки ӯ, сокини ноҳияи Оқдарё қарор доштаанд.

Ҳангоми санҷиш муайян карда шудааст, ки онҳо 10 кило афюн бо худ доштаанд. Маҳсулоти тариқи қочоқ аз Тоҷикистон воридшударо мардон дар вилояти Хоразм фурӯхтанӣ будаанд.

Инчунин дар вилояти Сурхондарё ду сокини ноҳияи Тирмиз ҳангоми фурӯши зиёда аз 2 кило афюн бо нархи 40 ҳазор доллар боздошт шудаанд. Маълум шудааст, ки ин маводи аз Тоҷикистон интиқолёфтаро онҳо аз сокини 33-солаи Тирмиз ба ивази 28 ҳазор доллар харидаанд, ки ӯ низ дастгир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории як қатор амалиёти фаврӣ дар маҷмӯъ 14 килову 734 грамм афюн ва 3 килову 923 грамм ҳашиш дарёфту мусодира шудааст.

Зикр мегардад, ки аз рӯи ҳамаи далелҳо мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.