Боз 10 кишвар мехоҳанд, ки ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шаванд

Asia-Plus

Боз 10 кишвар, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Сурия, Қатар ва Арабистони Саудӣ мехоҳанд, ки ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пазируфта шаванд. Дар ин бора ба нашрияи “Известия” ду манбаи огаҳи воломақоми наздик ба кумитаи тадорукоти созмон хабар додаанд.

Дар Думаи давлатӣ ин маълумотро қисман тасдиқ намуда, инчунин гуфтаанд, дар дурнамои наздик Озарбойҷон ва Арманистон метавонанд узви Созмон шаванд.

“Хоҳишмандони ҳамроҳшавӣ ба СҲШ дар навбат истодаанд”, – изҳор дошта буд вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни шарҳи дастовардҳои созмон дар ҷаласаи чанде қабли Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Тошканд.

Дар ВКХ Русия аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар пойтахти Ӯзбекистон чунин изҳори назар карда буданд: “Дар нишасти Самарқанд “имзои ёддоштҳо дар бораи ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ додани шарикии муколамаи созмон, инчунин қабули қарор дар бораи оғози пазируфтани Беларус ба СҲШ ва пешниҳоди мақоми шарики муколама ба Баҳрайн (ва Малдив) дар назар аст”.

Тавре ки ба нашрияи “Известия” як манбаи баландпояи огаҳ хабар додааст, ояндаи наздик СҲШ-ро “мавҷи бузурги васеъшавӣ” аз ҳисоби кишварҳои арабӣ ва давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ интизор аст. Дар ҳамин ҳол, масалан, Амороти Муттаҳидаи Араб хостааст, ки ин кишвар дарҳол қабул карда шавад.

“10 кишвар хоҳиш карданд, ки дархосташон дар бораи боло бурдани мақомашон дар ҳайати Созмон баррасӣ шавад. Байни онҳо намояндагони ҷаҳони арабӣ ҳастанд: Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб. Дар ҳамин ҳол, Амороти Муттаҳидаи Араб хоҳиш кардааст, ки дарҳол ба ӯ мақоми узви Созмон дода шавад. Аз Минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Мянма, Камбоҷа ва Непал, аз кишварҳои хориҷи наздик – Арманистон ва Озарбойҷон хоҳиш доранд. Мо шоҳиди миқёси бесобиқаи таваҷҷуҳ ба СҲШ ҳастем”, – шарҳ додааст манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, Ӯзбекистон даъвати қисмати зиёд аз ин “даҳгона”-и номзадҳоро ба нишасти Самарқанд ба нақша гирифта, лекин “ҳамаро якбора даъват кардан имкон надорад”.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита гуфтаанд, ба чорабинӣ дар моҳи сентябр валиаҳди Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмонро даъват кардаанд. Ба саволи нашрияи “Известия” дар бораи ба нишаст даъват шудани боз кадом сарони кишварҳои пешрафта, дар хадамоти матбуоти ин ниҳод маълумот надодаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...