Амалиёти “Субҳ”. Шидддатёбии вазъ байни Исроил ва Навори Ғазза

Нерӯҳои дифоии Исроил аз кушта шудани Холид Мансур, яке аз фармондеҳони низомии гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" дар навори Ғазза хабар доданд. Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Мансур дуввумин фармондеҳи муҳимтарин дар созмон маҳсуб мешуд. Ӯ масъули фаъолиятҳои ин гурӯҳ дар қисмати ҷанубии навори Ғазза буд. Тайсар ал-Ҷаборӣ, ки рӯзи ҷумъа кушта шуд, масъули ин гурӯҳ […]

Радиои Озодӣ

Нерӯҳои дифоии Исроил аз кушта шудани Холид Мансур, яке аз фармондеҳони низомии гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" дар навори Ғазза хабар доданд.

Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Мансур дуввумин фармондеҳи муҳимтарин дар созмон маҳсуб мешуд. Ӯ масъули фаъолиятҳои ин гурӯҳ дар қисмати ҷанубии навори Ғазза буд. Тайсар ал-Ҷаборӣ, ки рӯзи ҷумъа кушта шуд, масъули ин гурӯҳ дар шимол буд. Ҳамроҳ бо Мансур, муовини ӯ Зиёд Мадалол ва як фармондеҳи дигари гурӯҳ бо номи Хаттоб Амоссӣ низ кушта шуданд.

Гуфта мешавад, шаби шанбе ба якшанбе артиши Исроил амалиёти "Субҳ"-ро, ки ҳадафаш аз байн бурдани раҳбарони гурӯҳи “Ҷиҳоди исломӣ” буд, идома дод.

Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Ғазза, аз оғози амалиёт 32 сокин, аз ҷумла шаш кӯдак кушта шудаанд.

Рӯзи душанбе Шӯрои Амнияти Созмони Милал роҷеъ ба ташдиди низоъ дар Навори Ғазза ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор мекунад.

Исроил эълон карда буд, ки ин тасмимро ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои мушакии ҷангҷӯёни гурӯҳи “Ҷиҳоди исломӣ” гирифтааст.

Низомиёни Исроил аз ин пеш, рӯзи 6-уми август ба се бинои истиқоматӣ дар Ғазза зарба заданд, ки яке аз онҳо пурра хароб шуд. Мақомот дар Ғазза эълон кард, ки дар ҳамлаҳои рӯзи 6-уми августи Исроил 12 нафар ҳалок ва 84 нафар захмӣ шудааст.

Дар посух аз хоки Ғазза рӯзи 6-уми август 160 бор ба Исроил ҳамлаи мушакӣ сурат гирифт. Исроил аз натиҷаи ин ҳамлаҳо хабар надод. Зоҳиран, аксари мушакҳоро сохтори дифои ҳавоии Исроил безарар кардааст.

Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, ҳукумати Миср ва Қатар ба қатъи ҳамлаҳо даъват карданд.

Шаби 5-уми август Исроил барои қатли Тайсар ал-Ҷаборӣ, раҳбари як бахши гурӯҳи “Ҷиҳоди ислом” амалиёт анҷом дод. Ин гурӯҳ марги фармондеҳи худро тасдиқ кард. Ал-Ҷаборӣ ҳамкории миёни “Ҷиҳоди ислом” ва гурӯҳи ҲАМОС-ро ба роҳ мемонд. Исроил ӯро дар ҳамлаҳои зиёди мушакӣ ба хоки Исроил айбдор медонад.

Амалиёти Исроил алайҳи гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" зоҳиран оромии нисбӣ дар сарҳади Фаластин ва Исроилро аз байн бурдааст. Дар инҷо охирин задухӯрди шадид моҳи майи соли 2021 буд, ки 11 рӯз давом кард ва 260 нафар кушта шуд.

Тақрибан 2,3 миллион фаластинӣ дар минтақаи борики соҳилии навори Ғазза зиндагӣ мекунанд. Исроил ва Миср ба далели нигарониҳои амниятӣ марзи ин минтақаи дар муҳосира қарордоштаро маҳдуд кардаанд. Исроил ҳам рӯзи 5-уми август интиқоли сӯзишворӣ ба ин минтақаро қатъ кард ва ягона нерӯгоҳи Ғазза аз кор монд.

Исроил чораҳои амниятиро шадидтар намуда, эълон кардааст, ки 25 ҳазор афсари эҳтиётро ба артиш даъват мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.