Низомиёни тоҷик дар бозиҳои ҳарбии “Десанти баҳрӣ-2022” иштирок мекунанд

Як дастаи низомиёни Тоҷикистон чанде пеш ҷиҳати иштирок дар Озмуни байнулмилалии “Десанти баҳрӣ-2022” ба шаҳри Калинингради Русия рафтанд. Тавре ки дафтари матбуоти Ҳавзаи ғарбии ҳарбӣ хабар медиҳад, озмун дар доираи Бозиҳои байнулмилалии ҳарбӣ дар машқгоҳи “Хмелевка”-и Флоти Балтика аз 13 то 27 август баргузор мешавад. Дастаҳои низомиён аз Венесуэла, Осетияи Ҷанубӣ, Эрон ва Гвинея низ […]

Asia-Plus

Як дастаи низомиёни Тоҷикистон чанде пеш ҷиҳати иштирок дар Озмуни байнулмилалии “Десанти баҳрӣ-2022” ба шаҳри Калинингради Русия рафтанд.

Тавре ки дафтари матбуоти Ҳавзаи ғарбии ҳарбӣ хабар медиҳад, озмун дар доираи Бозиҳои байнулмилалии ҳарбӣ дар машқгоҳи “Хмелевка”-и Флоти Балтика аз 13 то 27 август баргузор мешавад.

Дастаҳои низомиён аз Венесуэла, Осетияи Ҷанубӣ, Эрон ва Гвинея низ чанде пеш ба ин ҷо омада буданд.

Гуфта мешавад, ҳайати дастаҳо пас аз гирифтани силоҳ ва техникаи ҳарбӣ бо қитъаҳои роҳе, ки тай мекунанд, масофаи он ва ҳадафҳое, ки бояд онҳоро нобуд кунанд, аз наздик шинос мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи қоидаҳои озмуни байнулмилалӣ, иштирокчиён бояд зиёда аз 50 монеаҳоро дар чор марҳила тай кунанд. Масофаи умумии роҳ бо монеъаҳо ҳудуди 7 километрро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин бо десантчиёни баҳрӣ ҳам ба таври инфиродӣ ва ҳам дар ҳайати даста машғулиятҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.