Чемпионати CAFA (U-19): Тоҷикистон – Афғонистон- 4:1

Дар бозии аввали худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2022 байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев тими Афғонистонро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб кард. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, нимаи аввали бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта, дар қисми дуюм ба футболбозони […]

Asia-Plus

Дар бозии аввали худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2022 байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев тими Афғонистонро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб кард.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, нимаи аввали бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта, дар қисми дуюм ба футболбозони тоҷик муяссар шуд, ки боз 3 тӯби дигар ба дарвозаи ҳариф равон кунанд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари даври дуюми чемпионати CAFA-2022 дастаҳои ҷавонони Қирғизистон ва Ӯзбекистон натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар гол бизананд – 0:0.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои даври сеюм рӯзи 8 август доир мешаванд. Соати 18:00 дастаҳои Эрон ва Афғонистон, соати 21:00 тимҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд.

Пас аз ду давр дастаи Қирғизистон 4 имтиёз, Тоҷикистон – 3, Ӯзбекистон – 2, Эрон – 1 имтиёзӣ дошта, Афғонистон аз 2 вохӯрӣ ягон хол ба даст наовардааст. Қобили зикр аст, ки дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳоло 1-бозӣ гузаронданд.

Федератсияи футболи ҷумҳурӣ таъкид месозад, ки бозиҳои ин мусобиқа дар  Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, даромад ба онҳо ройгон аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.