Дар рӯзи аввали сафари президент ба Суғд чиҳо боз шуданд?

Asia-Plus

Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз шаҳри Бӯстон оғоз шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин ҷо нахуст бо иштироки президент маросими ифтитоҳи Коргоҳи дӯзандагии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” доир гардид.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли либоси мактабӣ, либосҳои махсус барои кормандони соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҳамин корхона сарвари давлат ба фаъолияти Коргоҳи қолинбофӣ ҳусни оғоз бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар мамлакат нахустин аст.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Бӯстон бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи ҶДММ “Дурахшон Бӯстон ба анҷом расид. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 20 тонна ва дар як сол 240 тонна коркарди ашёи хом мебошад.

Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ғайбулло Раҳмонов бо харҷи 7 млн сомонӣ сохта шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ширкатҳои бонуфузи Чин харидорӣ ва насб карда шуда, маҳсулот дар таҷҳизоту  датсгоҳи муосир бо риояи технологияҳо дар якчанд марҳила амалӣ мегардад.

Сипас сарвари давлат ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раҳсипор гардида, дар маросими ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ “Ориён Пак” иштирок кард.

Корхонаи мазкур дар масоҳати 0,54 гектар, бо харҷи 4,6 млн сомонӣ сармояи дохилӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Муинҷон Ҳусайнов, Файзуллоҷон Улмасбоев ва Саидакмал Олимов  бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ресмону ороиши халтаҳо ва дар ошёнаи дуюм истеҳсол ва бандубасти халтаҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар идомаи боздид Эмомалӣ Раҳмон аз ангурзори хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ҳамин ноҳия боздид намуд, ки масоҳати умумии 3 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 1000 бех ниҳоли ангури навъҳои “ҳусайнӣ”, “шоҳона”, “победа”, “ҳусайнии сиёҳ” ва дигар намудҳо пеш аз ҳама барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳам содирот нигоҳубину парвариш карда мешаванд.

Ҳамчунин президент аз боғи себ ва бодоми муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” боздид намуд, ки боғи себ дар ин ҷо 5,21 гектар ва боғи бодом 4 гектарро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар 33,21 гектар боғи себ бо фарогирии навъу намудҳои “Ҳусни Юсуф”, “Ренет”, “Розмарин” ва “Самаренко” ва дар 12,14 гектар боғи бодом мавҷуд аст.

Дар ҳамин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои меваю сабзавоти кишоварзони вилояти Суғд боздид кард.

Президенти мамлакат аз фаровонии асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лубиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳои саноатӣ бояд афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...