Даргузашти Аслиддин Достиев, рӯзноманигори тоҷик дар синни 64-солагӣ

Аслиддин Достиев, рӯзноманигор ва корманди собиқи як қатор расонаҳои кишвар шоми 8-уми августи соли равон дар шаҳри Кӯлоб дар пайи беморие ки дошт, дар сини 64 солагӣ аз олам даргузашт. Ба гуфти ҳамкасбону ҳамкорон, марҳум солҳои охир аз бемории меъда ранҷ мекашид ва  чанде пеш духтурон меъдаашро ҷарроҳӣ карда буданду баъди он дигар ба худ наомад. […]

Билоли Шамс, “Asia-Plus”

Аслиддин Достиев, рӯзноманигор ва корманди собиқи як қатор расонаҳои кишвар шоми 8-уми августи соли равон дар шаҳри Кӯлоб дар пайи беморие ки дошт, дар сини 64 солагӣ аз олам даргузашт.

Ба гуфти ҳамкасбону ҳамкорон, марҳум солҳои охир аз бемории меъда ранҷ мекашид ва  чанде пеш духтурон меъдаашро ҷарроҳӣ карда буданду баъди он дигар ба худ наомад.

Дӯстону ҳамкорон, аз Аслиддин Достиев, ки солҳои охир аз минтақаи Кӯлоб барои расонаҳо мавод менавишт, як рӯзноманигори дорои ҷасорати бузург ва ҳақиқатнигор ёдоварӣ карданд.

Аҳмади Иброҳим, яке аз дўстон ва ҳамкорони Аслиддин Достиев, муассис ва сардабири рўзномаи “Пайк” дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дар баробари инсони комил, шахси дорои хислатҳои нек ва дӯсти вафодор будан, Аслиддин Достиев инчунан, адолатпараст буд ва кӯшиш мекард, ки ҳақ ба ҳақдор бирасад.

“Агар нафаре бо мактуб ба ӯ муроҷиат мекард, новобаста аз он, ки ӯ камбағал ё инсони камбизоате буд, ӯ талош мекард, ки мушкилоти он шахс ҳалли худро биёбад. Мақолаҳое, ки мушкилоти омаи мардум буданд ва масъулин баъди чопи мақола пайи ҳалли онҳо шуданд, ин дар бораи вазъи бемории сил ва собиқ корхонаи нуриҳои азоти Вахш аст, ки охирон мақолаи марҳум буд”, – ёдоварӣ кард Аҳмади Иброҳим.

Аслиддин Достиев соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, хатмкардаи мактаби №6 ин шаҳр ва Политехникии шаҳри Душанбе мебошад.

Зафар Мирзоён, ховаршинос, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз Аслиддин Достиев як рӯзноманигори озодандеш ёдовар шуд.

 “Ӯ ба ҳамон гурӯҳи рӯзноманигороне дохил мешуд, ки дар бартараф кардани камбудиҳои ҷомеа кушиш мекард. Бисёр ҳам мақолаҳои интиқодӣ ва таҳлилии хуб эҷод мекарду рўи чоп меовард. Дар ҳақиқат ӯ ҳақиқатнигор буд. Умр бевафоӣ кард ва дар давраи камолот ӯро аз байни мо бурд”, – изҳори таассуф кард Зафар Мирзоён.

Достиев аз солҳои 90-ум ба эҷодкорӣ даст зад ва шеър ҳам менавишт. Ӯ ба ҳайси хабарнигор дар рӯзнома ва расонаҳои «Минбари халқ», «Варорӯд», «Рӯзи нав», «Озодагон», «Садои Хуросон», Радиои «Имрўз», “СССР” ва «Пайк» фаъолият кардааст.

Ҷанозаи ӯ, имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ба хок супорида шуд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум Аслиддин Достиев ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.