Омодагӣ ба ваксиназанӣ ё хуруҷи дигарбораи “COVID-19”? Табибон боз хона ба хона мегарданд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тасмим дорад, ки  марҳилаи чоруми ваксиназанӣ зидди бемории коронавирусро дар кишвар ба роҳ монад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз вазорат иттилоъ доданд. Ин дар ҳолест, ки чанд сокини пойтахт ба «Азия-Плюс» тамос гирифта, нигаронии худро аз гардиши хонагии кормандони муассисаҳои тиббии ҷойи зист ва пурсиши онҳо дар […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тасмим дорад, ки  марҳилаи чоруми ваксиназанӣ зидди бемории коронавирусро дар кишвар ба роҳ монад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз вазорат иттилоъ доданд.

Ин дар ҳолест, ки чанд сокини пойтахт ба «Азия-Плюс» тамос гирифта, нигаронии худро аз гардиши хонагии кормандони муассисаҳои тиббии ҷойи зист ва пурсиши онҳо дар робита ба гирифтани ваксина зидди бемории коронавирус иброз доштанд.

Онҳо мегӯянд, шояд сабаби пурсон шудани табибон аз эмкунии сокинон ба хуруҷи дигарбораи бемории коронаврус дар кишвар ва давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон бошад.

Вале дар Вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки хона ба хона гаштани табибон ҷойи нигаронӣ надорад ва ин танҳо барои омода намудани рӯйхат барои марҳилаи чоруми ваксиназанӣ зидии бемории коронавирус аст.

«Духтурон барои муайян кардани ваксина гирифтан ё нагирифтани сокинон мепурсанд, чун мо рӯйхати марҳилаи ваксинатсияи чорумро омода карда истодаем. Баъди омода гардидани рӯихат эмгузаронии марҳилаи чорумро оғоз мекунем. Мисли ҳарфақта аввалан,  гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ ваксина мегиранд», -гуфтанд дар вазорат.  

Дар ин ниҳод афзуданд,  то ҳол дар Тоҷикистон ягон ҳолати бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва барои пешгирии бемории мазкур тамоми чораҳои зурарӣ андешида шуда истодааст.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони кишвар бо нашри натиҷаи мусбати ташхиси коронавируси худ ва нишонаҳои монанд ба он дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҷой доштани ин беморӣ хабар медиҳанд.

Вале Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, танҳо баъди ташхиси дубораи коронавирус дар Маркази миллии референсии вазорат, онҳо дақиқ гуфта метавонанд, ки дар кишвар коронавирус ба қайд гирифта шудааст ё не.

Ӯ гуфт, вазорати ташхиси мусбати коронавирусро дар ташхисгоҳҳои хусусӣ қабул надорад ва танҳо баъди ташхиси такрорӣ дар озмоишгоҳи махсуси вазорат, вуҷуди коронавирусро дар кишвар эътироф мекунанд.

Ҳамчунин, қариб як моҳи охир ҳамсояҳои Тоҷикистон дар бораи афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз “COVID-19” дар кишварҳои худ хабар дода, дар робита ба пешгирии паҳншавии он тадбирҳо рӯйи даст гирифтанд.

Дар робита ба ин, аз вазорати тандурустии Тоҷикистон низ гуфтанд, сокиноне, ки бар зидди бемории коронавирус ваксина нагирифтаанд, ба муассисаҳои тиббии ҷойи зисти худ барои ваксиназанӣ муроҷиат намоянд.

Қаблан, дар вазорат низ ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки дар робита ба афзоиши ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷишҳоро дар ин самт дар сарҳад ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунанд. Мусофироне, ки тариқи роҳи ҳавоӣ ё заминӣ сафар мекунанд, бояд бо худ гувоҳнома (сертификат)-и ваксина зидди коронавирусро дошта бошанд.

“Ғайр аз ин, ҳарорат санҷида мешавад ва агар он баланд бошад, тести коронавирус гирифта шуда, танҳо пас аз маълум шудани натиҷаи тест чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Маълумоти шахс ба дармонгоҳи маҳалли зист фиристода шуда, ӯ зери муоинаи табибон қарор мегирад. Меҳмонони кишвар – ба дармонгоҳи макони иқомат (хонаи иҷора, меҳмонхона) фиристода мешаванд”, – гуфтанд дар ин ниҳод.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон 5 миллиону 294 ҳазору 652 нафар ё беш аз 94,6 дарсади аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 ваксина зада шуданд.

То ин давра воя (доза)-и дуюми ваксинаро 5 млн 197 ҳазору 278 нафар ё беш аз 92,9 дарсади аҳолӣ гирифтаанд.

– Ҳамзамон вояи сеюми ваксинаро 4 млн 768 ҳазору 52 нафар ё 85,2 дарсади аҳолӣ қабул карданд. – гуфтанд аз ин ниҳод.

Бояд гуфт, ки ба Тоҷикистон то имрӯз 15 млн 157 ҳазор воя ваксинаи зидди бемории коронавирус ворид шуда, ҳоло 2 миллиону 515 ҳазору 958 дозаи он боқӣ мондааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.