Вазири тандурустӣ натиҷаи мусбати коронавирусро эътироф накард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ташхиси мусбати коронавирусро дар ташхисгоҳҳои дигар, махсусан хусусӣ қабул надорад ва танҳо баъди ташхиси такрорӣ дар озмоишгоҳи махсуси вазорат, вуҷуди коронавирусро дар кишвар эътироф мекунанд. Дар нишасти матбуотии имрӯзаи вазорати тандурустӣ, рӯзноманигори “Азия-Плюс” натиҷаи мусбати ташхиси коронавируси яке аз беморонро ба вазир пешниҳод карда, хоҳиш намуд, онро шарҳ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ташхиси мусбати коронавирусро дар ташхисгоҳҳои дигар, махсусан хусусӣ қабул надорад ва танҳо баъди ташхиси такрорӣ дар озмоишгоҳи махсуси вазорат, вуҷуди коронавирусро дар кишвар эътироф мекунанд.

Дар нишасти матбуотии имрӯзаи вазорати тандурустӣ, рӯзноманигори “Азия-Плюс” натиҷаи мусбати ташхиси коронавируси яке аз беморонро ба вазир пешниҳод карда, хоҳиш намуд, онро шарҳ диҳад.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ дар шарҳи ин масъала гуфт, танҳо баъди ташхиси дубораи коронавирус дар Маркази миллии референсии вазорат, онҳо дақиқ гуфта метавонанд, ки дар кишвар коронавирус ба қайд гирифта шудааст ё не.

Вазир афзуд, аз моҳи феврали соли равон дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати таъйидшудаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ӯ гуфт, бархе аз ташхисҳои коронавирус дар Тоҷикистон натиҷаи мусбат додаанд, аммо таҳлили такрорӣ дар лабораторияи Вазорати тандурустӣ вуҷуди онро тасдиқ накардааст.

“Ҳар бегоҳ омори таҳлили коронавирус дар ташхисгоҳҳо ба вазорат пешниҳод мешавад ва танҳо баъди таҳлили такрорӣ дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ вуҷуди коронавирус дар кишвар ба қайд гирифта мешавад”, – афзуд вазири тандурустӣ.

Абдуллозода ҳолатҳои мусбати ташхиси коронавирусро дар ташхисгоҳҳои хусусии ҷумҳурӣ ба хатоҳои техникӣ рабт дод.

"Баъзе ҳолатҳои хатоҳои техникӣ аз ҷониби дастгоҳҳо мешавад. Бо забони тиб мукантаминатсия мегӯем, баъд онро дар дигар лаборатория муайян мекунем. Агар тасдиқ шуд, ба қайди диспансерӣ гирифта мешавад. Барои ҳамин мутахассисоне ҳастанд, ки ӯро ҳар вақт “калибровка” ва тоза мекунанд. Барои тасдиқ шудани он мо озмоишгоҳи референсӣ дорем, ки дар онҷо ПСР-тестҳо бо сифати баланд ташхис мешаванд. Ин бисёр нозукиҳо дорад", – изҳор дошт вазир.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, феълан зиёда аз 22 нуқтаи муайян кардани коронавирус аз тариқи ПСР – санҷишҳо фаъолият доранд, ки дар сурати натиҷаи мусбат, фавран ба Вазорати тандурустӣ маълумот пешниҳод мекунанд. Манбаъ афзуд, ки дар сурати тасдиқи натиҷа дар лабораторияи референсии Вазорат бемор ба қайди диспансерӣ гирифта мешавад.

Дар зимн муроҷиатҳо тайи ҳафтаҳои охир барои ташхиси коронавирус майл ба афзоиш доранд, ки ба иттилои вазири тандурустӣ, ба гармои шадиду истифодаи зиёд аз кондитсионеру оби хунук рабт доранд.

Ӯ тавзеҳ дод, ки бар асари ин шаҳрвандон гирифтори бемориҳои респираторӣ мешаванду иштибоҳан коронавирус мепиндоранд.

Дар зимн вазир ҳушдор дод, ки эҳтимоли вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ҷой дорад.

"Вақте гардиши вирус асту муҳоҷирати аҳолӣ ҷой дорад, ворид шудани вирус аз эҳтимол дур нест", – афзуд Абдуллозода.

Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз вуруди коронавирус, чун пештара дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолияти нуқтаҳои санитарию эпидемиологӣ идома дорад. Дар сурати ҷой доштани ҳарорати баланду набудани шаҳодатномаи ваксина, ҳатман таҳлилҳо гузаронда мешаванд.

Эътироф накардани натиҷаи мусбати ташхиси бархе озмоишгоҳҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ дар ҳолест, ки қариб як моҳи охир ҳамсояҳои Тоҷикистон дар бораи афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз COVID-19 дар кишварҳои худ хабар дода, дар робита ба пешгирии паҳншавии он тадбирҳо рӯйи даст гирифтанд.

Қаблан ҳам Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирусро дар кишвар рад карда буд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони кишвар бо нашри натиҷаи мусбати ташхиси коронавируси худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҷой доштани ин беморӣ хабар медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.