“Толибон” гуфтанд баста шудани мактабҳои духтарона ба мушкилоти барномаи таълимӣ рабт дорад

Масъулини вазорати маорифи “Толибон” баста шудани мактабҳои духтаронаро ба мушкилоти барномаҳои таълимӣ дар ин мактабҳо рабт додаанд. Тавре “Тулӯънюз” бо такя ба Саид Аҳмад Шаҳидхайл, муовини вазири маорифи “Толибон” навиштааст, тасмим дар бораи бастани мактабҳои духтарона на танҳо ба Вазорати маориф, балки ба сиёсати Амороти Исломӣ дар заминаи ифтитоҳи мактабҳои духтарона дар асоси меъёрҳои исломӣ рабт […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Масъулини вазорати маорифи “Толибон” баста шудани мактабҳои духтаронаро ба мушкилоти барномаҳои таълимӣ дар ин мактабҳо рабт додаанд.

Тавре “Тулӯънюз” бо такя ба Саид Аҳмад Шаҳидхайл, муовини вазири маорифи “Толибон” навиштааст, тасмим дар бораи бастани мактабҳои духтарона на танҳо ба Вазорати маориф, балки ба сиёсати Амороти Исломӣ дар заминаи ифтитоҳи мактабҳои духтарона дар асоси меъёрҳои исломӣ рабт дорад.

«Дар партави Қуръон ва суннат мактабҳо боз мешаванд. Бояд ба Имороти Исломӣ вақт бидиҳанд. Мактабҳо боз хоҳанд шуд”, – гуфтааст Саид Аҳмад Шаҳидхайл.

Вай афзудааст, ки дар назар доранд, омӯзиши ахлоқ, эътиқод, зиндагии хонаводагӣ, тарбияи фарзанд ва парвариши фарзандро ба барномаи таълимии духтарон ворид кунанд ва баъди ин, мактабҳо барои духтарони донишҷӯ аз бидуни фишори берунӣ ва дар чаҳорчӯби шариати исломӣ боз хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол чанде пеш Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти вазорати маорифи "Толибон" дар вилояти Хуст гуфта буд, ки мактабҳои духтарона ба иллати маҳдудиятҳои фарҳангӣ баста ҳастанд.

Ин намояндаи вазорати маорифи “Толибон” ба хабарнигорон гуфтааст, ки Амороти Исломӣ кушиш мекунад, ки барои дур сохтани ин мушкил дар тамоми бахшҳои Афғонистон мактабҳоро барои духтарон бозкушоӣ кунад.

"Мардум бо таълими духтарон на, балки бо берун шудани духтаронашон аз хона ҳассосият доранд ва фарҳанги афғон дар ин қисмат сахт ҳассос аст ва ба шумо беҳтар маълум аст, ки Имороти Исломӣ кӯшиш мекунад, ки бо мардум ба як мувофиқа бирасад ва ин пуруса бахайр оғоз гардад", – гуфтааст Нуруллоҳ Мунир.

Сарпарасти вазорати маорифи гурӯҳи “Толибон” гузоришҳо дар бораи ин ки мактабҳои духтарона ба хотири тағйири нисоби омӯзишӣ бозкушоӣ нашудаанд, рад кардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон мактабҳо аз моҳи августи соли 2021, баъди ба қудрат расидани “Толибон” баста шудаанд. Дар моҳи сентябр машғулиятҳо танҳо барои писарон аз нав оғоз шуданд. Баъд хабар расид, ки дар соли нави хониш духтарон боз ба хондан иҷозат дода мешаванд.

Бо вуҷуди ин, дар моҳи марти соли 2022, духтарони синфи 6 ва боло аз он аз таҳсил боздошта шуданд. “Толибон” бо баҳонаи зарурати эҷоди барномаи таълимӣ бар асоси қонунҳои исломӣ ва суннатҳои маҳаллӣ ақидаи худро дар мавриди боз кардани мактабҳо барои духтарон дигар кардаанд.

Дар посух ба баста шудани мактабҳо, Бонки Ҷаҳонӣ чаҳор тарҳи 600 миллион долларӣ дар Афғонистонро мутаваққиф кард. Ҳамчунин маълум шуд, ки “Толибон” аз Русия тақозо кардаанд, ки ба донишҷӯдухтарон аз Афғонистон квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дода нашавад.

Ҳамчунин, дар замони роҳбарии Толибон вазъияти эҳтироми ҳуқуқи занон дар ин кишвар хеле бад шуд. Занони афғон муваззаф шуданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бурқа пӯшанд ва дастур дода шуд, ки “дар хона бимонанд” магар он ки онҳо дар берун аз хона кори муҳиме надошта бошанд. Ба занон аз кор кардан дар вазифаҳое, ки мардон онҳоро ишғол мекунанд ва машғул шудан ба варзиш манъ карда шуданд.

Илова бар ин, ба занони афғон аз парвоз дар ҳавопаймо ва сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни ҳамроҳии мардон манъ карда шуд. Моҳи июни соли 2022 “Толибон” фармоне содир карданд, ки ба занон иҷозаи муҷозоти судӣ алайҳи мардонро манъ карданд. Ба навиштаи расонаҳо, аллакай тақрибан даҳ зани маҳаллӣ барои хушунати хонаводагӣ алайҳи шавҳаронашон ба додгоҳи маҳаллӣ шикоят бурдаанд, аммо шикояти онҳо баррасӣ нашудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.