Имзои қарордод дар бораи таҳсили низомиёни тоҷик дар мактабҳои олии Ӯзбекистон

Як ҳайати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Тошканд рафт. Вазири мудофиаи Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов имрӯз, 9 август ҳайати низомии Тоҷикистонро таҳти сарварии вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон. Дар вохӯрӣ вазирон зикр карданд, ки муносибатҳо байни ду кишвар натанҳо дар соҳаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва […]

Як ҳайати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Тошканд рафт. Вазири мудофиаи Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов имрӯз, 9 август ҳайати низомии Тоҷикистонро таҳти сарварии вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон.

Дар вохӯрӣ вазирон зикр карданд, ки муносибатҳо байни ду кишвар натанҳо дар соҳаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва гуманитарӣ, балки дар бахши мудофиа ва амният низ ба сатҳи бесобиқа густариш ёфтанд.

Баҳодур Қурбонов изҳори итминон кард, ки минбаъд миқёси онҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар бораи роҳандозии таҳсили хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар макотиби олии ҳарбии Ӯзбекистон қарордоди иловагӣ ба имзо расид.

Пас аз ин ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази миллии идоракунии мудофиаи Ӯзбекистон шинос шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар машқгоҳи Тирмизи ин кишвар тамринҳои муштараки низомии Ӯзбекистону Тоҷикистон “Иттиҳод-2022” ҷараён доранд.

Ғайр аз ин, дар Ӯзбекистон Бозиҳои VIII байнулмилалии ҳарбии “АрМИ-2022” баргузор шуда, иштиркчиёни он ба кишвар меоянд.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, то имрӯз ба ҷойи баргузории бозиҳо – машқгоҳи “Фориш”, ки дар Ҳавзаи марказии ҳарбӣ воқеъ аст, намояндагони Русия, Ветнам, Беларус ва Тоҷикистон ҳозир шуданд.

Пас аз мутобиқшавӣ ва одаткунӣ ба иқлим, иштирокчиёни бозиҳо техникаи ҳарбии барои онҳо пешбинишударо гирифта, фаъолона ба машқҳо пардохтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.