Русия 13 шаҳрванди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд (рӯйхат)

Asia-Plus

Прокуратураи генералии Русия 13 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, ба ихтиёри Тоҷикистон супурд.

Рӯзи 9 август Прокуратураи генералии Русия хабар дод, ки ҳамаи ин шахсон дар доираи “ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ” истирдод шудаанд.

Миёни истирдодшудагон шахсони дастдошта дар ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон, фирориҳо, ғоратгарону роҳзанон ва ҷонибдорони “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ҳузур доранд.

Дар рӯйхат шахсоне зикр шудаанд, ки пас аз содир намудани ҷиноят аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шуда, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буданд:

* Ҷамшед Атоев – барои даст доштан дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар соли 2011 дар Душанбе;

* Муҳсинҷон Раҷабов – барои даст доштан дар ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир соли 2011 дар Хуҷанд;

* Зафар Қурбоналиев – барои азхудкунии маблағи ниҳоят зиёд, аз ҷумла 1 036 088,79 сомонӣ, 89 561 доллар, 7 709 евро ва 205 500 рубл ва ва камомад зимни кор дар “Тавҳидбонк” дар соли 2021;

* Шоҳинҷон Нуров – азхудкунии амволи ҶДММ “Ноқили Талко” ба маблағи умумии 154 ҳазор сомонӣ дар соли 2019;

* Имомалӣ Розиқов – дуздии пули ҷабрдида соли 2015 дар Душанбе ба маблағи умумии 165 ҳазору 500 доллар;

* Мақсуд Холдорбеков ва Ҷамшед Каримов – барои даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ (далелҳои мушаххас оварда нашудааст – Эзоҳи идора);

* Ҷом Гурезов – барои ҳозир нашудан ба хизмати ҳарбӣ (афсар) бе сабабҳои узрнок ба муҳлати зиёда аз 1 моҳ дар соли 2018;

* Мисбоҳиддин Абдуллоев – барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Нуробод пас аз гирифтани даъватнома дар соли 2021;

* Аҳмадбек Саидов – барои ҳамлаи ғоратгарона ба ҷабрдида ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонии ӯ соли 2007 дар ноҳияи Данғара;

* Руслан Саидов – барои дуздии 35 ҳазор доллар ва 1 млн рубл пули ҷабрдидагон соли 2019 дар Маскав;

* Ҷамшед Муртазоев – барои ҳамлаи ғоратгарона ва дуздии 26 ҳазору 820 сомонӣ аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ;

* Муллоҳаким Султонов – барои узвият ва иштироки фаъолона дар сафҳои созмони “Давлати исломӣ” (ДОИШ).

Гуфта мешавад, дар доираи қарордодҳои дуҷониба макони будубоши шахсони дар боло зикршуда дар қаламрави Русия муайян шуда, Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати онҳо дархостҳои дахлдор пешниҳод намуд.

“Пас аз мавриди амал қарор гирифтани қарори Прокуратураи генералии Русия дар бораи истирдоди иштирокчиёни парвандаҳои ҷиноятӣ, ба Хадамоти иҷрои ҷазо дастур дода шуд, ки интиқоли онҳоро амалӣ намояд. Бо риояи чораҳои зарурии амниятӣ ҳамаи шаҳрвандони зикршуда ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дода шуданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...