Фурӯши билет ба қатораҳои самти Русия оғоз шуд. Чанд пул нарх дорад ва дар куҷо метавон харид?

Фурӯши билет ба қатораҳои мусофирбар аз минтақаҳои Тоҷикистон ба Русия оғоз шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”. Ба иттилои манбаъ, билетҳоро аз нуқтаҳои фурӯш (кассаҳо)-и корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” харидан мумкин аст. Зимнан зикр шуд, ки дар давоми танҳо як рӯз – 9 август аллакай 200 билет фурӯхта шудааст.  […]

Фурӯши билет ба қатораҳои мусофирбар аз минтақаҳои Тоҷикистон ба Русия оғоз шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”.

Ба иттилои манбаъ, билетҳоро аз нуқтаҳои фурӯш (кассаҳо)-и корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” харидан мумкин аст.

Зимнан зикр шуд, ки дар давоми танҳо як рӯз – 9 август аллакай 200 билет фурӯхта шудааст. 

Нархи билети қатора бо хатсайри Кӯлоб – Волгоград – Кӯлоб 1580 сомонӣ дар вагонҳои платскарт ва 2040 сомонӣ – дар вагонҳои купе муқаррар шудааст. Билет аз Душанбе ба Волгоград каме арзонтар аст: вагони платскарт 1434 сомонӣ ва купе – 1856 сомонӣ.

Арзиши билети қатора аз шаҳри Хуҷанд ба самти Русия ҳоло маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки пас аз танаффуси дусола аввалин қатораи мусофирбар рӯзи 16 август соати 00:10 аз Кӯлоб ва Волгоград раҳсипор мешавад.

Рӯзи 27 август қатора аз Душанбе ба Волгорад ба роҳ баромада, рӯзи 7 сентябр хатсайри қатораи Хуҷанд – Волгоград – Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Қатораҳо ҳафтае як маротиба ба роҳ баромада, вақт дар роҳ вобаста ба нуқтаи сафар, тақрибан аз 2,5 то 3,5 шабонарӯзро дар бар мегирад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон ва Русия аз 17 марти соли 2020 дар робита ба паҳнҳавии коронавирус қатъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.