Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар нимсолаи аввали соли равон сатҳи нисбатан бештари рушди иқтисодро байни шаш кишвари ин бонк дар Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд. Дар Гузориши навбатии макроиқтисодии БАОР гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои нимсола иқтисоди Русия ва Беларус ба коҳиш дучор шудаанд. Дар дигар кишварҳои иштирокчии БАОР руши устуворонаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) […]

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар нимсолаи аввали соли равон сатҳи нисбатан бештари рушди иқтисодро байни шаш кишвари ин бонк дар Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд.

Дар Гузориши навбатии макроиқтисодии БАОР гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои нимсола иқтисоди Русия ва Беларус ба коҳиш дучор шудаанд.

Дар дигар кишварҳои иштирокчии БАОР руши устуворонаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) идома дорад: 11,8% дар Арманистон, 3,4% – дар Қазоқистон, 6,3% – дар Қирғизистон ва 7,4% – дар Тоҷикистон.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки ММД-и минтақа дар зарфи 6 моҳи соли равон ба сурати умум дар сатҳи ҳамин давраи соли гузашта боқӣ мондааст.

Таҳлилгарони ин созмони минтақавӣ таъкид мекунанд, ки вазъ дар иқтисоди кишварҳои узви БОР дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ назар ба интизоридошта беҳтар рушд кардааст. Ва онҳо пешгӯӣ мекунанд, ки нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ то охири соли 2022 дар аксари кишварҳои узви БОР беҳтар аз пешгӯиҳо хоҳанд буд.

“Ба ин, аз ҷумла суръати хеле баланди мутобиқшавӣ ба маҳдудиятҳои ҷорӣ ва хусусияти таъхирнопазири таҳримҳо дар истихроҷи нафт мусоидат мекунад. Амалкарди мақомот дар дастгирии иқтисоди минтақа низ саҳми арзанда доранд: ҳавасмандгардонии сиёсати андозу молия, коҳиши назарраси меъёрҳо дар Русия, инчунин чораҳои мусоидат ба таъсиси занҷирҳои истеҳсолӣ ва таъминот (логистика)”, – зикр мешавад дар гузориш.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.