Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт

Дар радабандӣ (рейтинг)-и Cost of Living Survey-и ширкати Mercer оид ба арзонии кору зиндагӣ барои хориҷиён пойтахти Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт. Мувофиқи радабандӣ, байни 227 шаҳри саросари дунё арзонтар аз Душанбе барои хориҷиён шаҳрҳои Бишкек ва Анқара арзёбӣ гардидаанд, ки мутаносибан дар зинаҳои 226 ва 227-ум ҷойгир шудаанд. Дар даҳгонаи нисбатан шаҳрҳои арзони […]

Дар радабандӣ (рейтинг)-и Cost of Living Survey-и ширкати Mercer оид ба арзонии кору зиндагӣ барои хориҷиён пойтахти Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Мувофиқи радабандӣ, байни 227 шаҳри саросари дунё арзонтар аз Душанбе барои хориҷиён шаҳрҳои Бишкек ва Анқара арзёбӣ гардидаанд, ки мутаносибан дар зинаҳои 226 ва 227-ум ҷойгир шудаанд.

Дар даҳгонаи нисбатан шаҳрҳои арзони ҷаҳон, ки ин радабандӣ фаро гирифтааст, ҳамчунин Тошканд (зинаи 221-ум) ва Алмато (мақоми 219-ум) зикр шудаанд.

Пойтахти Туркманистон ба мисли шаҳрҳои Русия дар радабандӣ зикр нашудааст.

Ба сегонаи гаронтарин шаҳрҳои дунё барои хориҷиён Ҳонконги Чин ва Сюриху Женеваи Швейтсария шомиланд.

Радабандӣ бар асоси назарсанҷӣ байни мутахассисони хориҷии машғули кор дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон таҳия шудааст.

Муаллифони радабандӣ омилҳоеро чун қурби асъор, нархи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ва хидматрасонӣ, мизони таваррум ва маблағи иҷорапулиро ба инобат гирифтаанд.

Натиҷаҳои мониторинг аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ барои муайян кардани музди меҳнат ва имтиёзҳое, ки ба кормандонашон ҳангоми фиристодан ба хориҷа пардохт мешавад, мавриди истифода қарор мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.