“Фурсати донистан”: Тартиби гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан чӣ гуна аст?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи тартиби гирифтани гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ватанро ба баҳс кашиданд. Фишурдаи ин суҳбатро дар шакли […]

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи тартиби гирифтани гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ватанро ба баҳс кашиданд.

Фишурдаи ин суҳбатро дар шакли хаттӣ пешниҳоди шумо мекунем:

Барои сафар ба хориҷа иқомат дар он ҷо ва бозгашт ба Ватан кадом шиноснома лозим аст?

– Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сафари хориҷа, истиқомати доимӣ дар хориҷа ва бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:

– шиносномаи дипломатӣ, аз он ҷумла шиносномаи дипломатии дорои маълумоти электронӣ;

– шиносномаи хизматӣ, аз он ҷумла шиносномаи хизматии дорои маълумоти электронӣ;

– шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандӣ, аз он ҷумла шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии дорои маълумоти электронӣ;

– шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баъди қабули ҳуҷҷатҳои дахлдор ва гузаронидани санҷиши муқарраршуда, ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ шиносномаи хориҷӣ ба расмият дароварда мешавад. Шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуруфоти кириллӣ (бо забони тоҷикӣ) ва лотинӣ (бо забони англисӣ) пур карда мешаванд. Шиносномаи хориҷӣ дар асоси маълумоте, ки дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад. Шиносномаи хориҷии шаҳрванди ноболиғ, дар асоси маълумоте, ки дар шаҳодатномаи таваллуди кӯдак сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад.

Оё то ба анҷом расидани муҳлати шиноснома онро иваз кардан мумкин аст?

То ба итмом расидани мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ, иваз намудан ва додани шиносномаи хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

– дар мавриди тағйир ёфтани мақоми хизматии соҳиби шиноснома, агар чунин тағйирот иваз намудани як намуди шиносномаи хориҷиро ба намуди дигараш талаб намояд;

– дар мавриди дар шиноснома мавҷуд набудани саҳифаи холӣ барои дарҷи сабт, қайдҳо ва раводид;

– дар мавриди фарсудашавии механикии шиноснома ё корношоямии он барои истифодаи минбаъда;

– дар мавриди гум шудани шиноснома;

– дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванд бо тартиби муқарраршуда дигар кардани насаб, ном ва номи падар;

– дар ҳолати гирифтани шиносномаи дуюм.

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан чист ва аз ҷониби кӣ дода мешавад?

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мўҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода мешавад.

Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Барои гирифтани шаҳодатномаи бозгашт кадом ҳуҷҷатҳоро бояд пешниҳод кард?

Шащодатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

– аризаи муроҷиаткунанда;

– маълумотномаи шӯъбаи корҳои дохилӣ ва ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муроҷиати ин шаҳрванд оиди ҳодисаи гум шудани шиноснома;

– ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира) ва ғ.ҳ.

– 2 дона сурати рангаи ҳаҷмаш 3х4;

– расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок бошад).

Агар муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳои зеринро надошта бошад чӣ?

Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зикршуда, корманди масъули намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҷиҳати муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақиман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба сохторҳои маҳаллии он дархост ирсол менамояд.

Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар хориҷа, пас аз муайян кардани мансубияти шахси муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи бозгашт медиҳанд.

Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ў ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноии дар мўҳлати муқарраргардида баргашта натавонистани шаҳрванд (ҳолатҳои фавқулодда, бемории вазнин ва дигар ҳолатҳои аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснок дубора содир карда мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.