Нигаронии Русия дар мавриди ба Украина интиқол ёфтани чархболҳои аз Афғонистон рабудашуда

Asia-Plus

Русия намехоҳад, ки ҳудуди 100 ҳавопаймо ва чархбол, ки соли гузашта низомиёни афғон бо онҳо ба Ӯзбекистону Тоҷикистон фирор карда буданд, ба Украина интиқол дода шаванд. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба РИА Новости намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон, мудири департаменти дуюми Осиёи ВКХ Русия Замир Кобулов изҳори назар кардааст.

“Ба Украина нарасидани чархболу ҳавопаймоҳое, ки дар қаламрави Ӯзбекистону Тоҷикистон пас аз бо онҳо фирор кардани низомиёни афғон дар ин кишварҳо қарор гирифтанд, барои мо муҳим аст”, – иброз доштааст вай.

Ба гуфтаи Кобулов, даҳҳо чархболу ҳавопаймо, аз ҷумла ҳудуди 60 адад ба Тоҷикистон ва 40-50 адади онҳо ба Ӯзбекистон оварда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин моҳ Вазорати дифои “Толибон” бори дигар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дархост намуд, ки, чархболҳои ҳукумати қаблии Афғонистон, ки дар замони суқути ҷумҳурӣ ба ин кишварҳо бурда шудаанд, ба ҳукумати муваққати “Толибон” баргардонида шаванд.

Нимаи моҳи августи соли гузашта замони сари ҳокимият омадани “Толибон” халабонҳои афғон қариб бо 50 ҷархболу ҳавопаймо ба Ӯзбекистон ва бо қисмати дигаре аз он ба Тоҷикистон фирор карданд.

Ба иттилои намояндаи Вазорати дифои ИМА, майори артиш Роб Лодевик, то 21 августи соли гузашта дар Ӯзбекистон 46 адад ва дар Тоҷикистон – 18 адад техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла чархболҳои Ми-17, UH-60 ва ҳавопаймоҳои PC-12, C-208, AC-208 ва A-29 қарор доштанд.

Охири моҳи апрели соли ҷорӣ намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Эргашев изҳор дошт, ки ин кишвар чархболу ҳавопаймоҳои низомии дар қаламраваш қарордоштаро ба мақомомти ИМА бармегардонад.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июн фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла дар пайи як сафараш ба Тоҷикистон гуфта буд, ки “бо вуҷуди таҳдиду талабҳои чандинкаратаи Толибон оид ба баргардонидани онҳо, чархболҳо ба Толибон баргардонида намешаванд, зеро ба онҳо тааллуқ надоранд”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...